Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тафсир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

02Тафсир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастагии нодири донишҳои касбии олимони ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик дар соҳаи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва натиҷаҳои амалии татбиқи Кодексро аз ҷониби судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода мекунад.

Дар китоб меъёрҳои Кодекси ҷиноятӣ ба таври муфассал таҳлил карда шуда, ба ҷиҳатҳои амалии татбиқи моддаҳои он диққати махсус дода шудааст.
Дар Тафсир тамоми тағйироту иловагиҳое, ки дар қонуни ҷиноятӣ ва дигар қонунгузориҳои бо вай пайваста ба вуқӯъ омадаанд, ба назар гирифта шудаанд. Дар он таҷрибаи судӣ, ки дар муддати амали Кодекси ҷиноятӣ кор карда бароварда шудаанд ва дар қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд, инъикос ёфтааст.
Тафсир барои судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ, кормандони амалии мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти амният, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлия, адвокатон, муаллимон, кормандони илм ва донишҷӯёни мактабҳои олии ҳуқуқӣ пешкаш карда мешавад.
Мавриди қайд аст, ки Тафсир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коллективи муаллифон таҳти роҳбарии Солиев К.Ҳ. - муовини сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия ба табъ расидааст.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...