Библиография по уголовно-правовому профилю подготовки кадров
Рахмаджонзода Р.Р. Библиография по уголовно-правовому профилю подготовки кадров: научное издание / Р.Р. Рахмаджонзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2019. – 304 с.
Нашри илмӣ равиши ҳамаҷонибаи систематизатсияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ самти ҳуқуқи ҷиноятӣ, фанҳои таълимӣ, илмӣ, омодасозии кадрҳо, авторефератҳо ва рисолаҳои ҳимояшуда, нашрияҳои таълимӣ ва илмӣ, инчунин, дигар нашрияҳо бо ихтисоси 12.00.08, 12.00.09, 12.00.11, 12.00.12 ва 12.00.14 дар Тоҷикистон, ки хусусиятҳои давраҳои гуногуни ташаккул ва рушди илми ҳуқуқ ва амалияро инъикос мекунад, муаррифӣ менамояд.
Ҳуҷҷатҳо ва коркардҳо бо тартиби хронологӣ ва мантиқӣ оварда шудаанд. Соли қабул ва аломати зарурии онҳо мувофиқи талаботи омодасозии библиографии сарчашмаҳои асосӣ ва иловагӣ, ки дар корҳои илмию таълимӣ истифода мешаванд, нишон дода шудаанд. Дар бахши охирини нашрияи мазкур маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ ва маводи конференсияҳо гирд оварда шудаанд.
Ҳуҷҷатҳо ва корҳои илмӣ-тадқиқотии гирдовардашуда то санаи 1-уми январи соли 2019-ро дар бар мегиранд.
Нашрия барои доираи васеи хонандагон тасвия дода мешавад.