Теоретическая модель уголовно-процессуального законодательства Республики Таджикистан
Рахмаджонзода Р.Р., Ализода А.Х., Таджали Д.А. Теоретическая модель уголовно-процессуального законодательства Республики Таджикистан: монография / Р.Р. Рахмаджонзода Р.Р., П.Х. Ализода, Д.А. Таджали. – Душанбе: Эр-Граф, 2019. – 236 с.
Дар асоси таҳлили муфассали муқаррароти мухталифи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ дар монографияи мазкур далелҳои иловагӣ барои манфиати коркарди минбаъдаи босифати модели рақобатпазир дар қонунгузории мурофиаи ҷиноятӣ оварда шудааст. Дар доираи моҳияти омӯзиш ва ҷанбаҳои мубрами таҳлилгардида, муаллифон кӯшиш карданд, ки натиҷаҳои тадқиқоти илмии худро тавассути мубрамият, арзёбӣ ва саривақтии коркарди минбаъдаи асосҳои консептуалии модели назариявии қонунгузории мурофиаи ҷиноятӣ ҷамъбаст намоянд.
Консепсияи коркарднамудаи гурӯҳи муаллифон барои бартараф намудани як қатор нофаҳмиҳо ва мухолифатҳои дар соҳаҳои қонунгузорӣ ҷойдошта нигаронида шудааст.
Қарорҳои конструктивии дар боло зикршуда ва самтҳои такмили қонунгузории соҳа бо назардошти муқаррароти алоҳидаи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 таҳлил карда мешаванд.
Нашрия барои доираи васеи хонандагон тавсия дода мешавад.