Ҷиноятҳо ба муқобили амнияти иттилоотӣ
Шарифзода Ф.Р., Бухориев Б.Р., Амрудинзода М.А., Окилов С.Ю. Ҷиноятҳо ба муқобили амнияти иттилоотӣ. Дастури таълимӣ. – Душанбе: «ЭР-Граф», 2019. – 112 с.
Дар замони муосир ҷиноятҳо ба муқобили амнияти иттилоотӣ таҳдидҳои ҷиддиро ба миён овардааст. Онҳо натанҳо ба амнияти ҷамъиятӣ, балки ба ҳаёт ва саломатии одамон низ таҳдид мекунанд. Маҳз барои ин, дар дастури мазкур муаллифон тавсифи меъёрҳои ҳуқуқи ҷиноятие, ки барои ҳифзи амнияти иттилоотӣ, ки дар боби 28 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, додаанд.
Барои курсантон ва донишҷӯёни макотибҳои олии ҳуқуқӣ, аспирантон, омӯзгорон, кормандони илмӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суд, инчунин ба дигар шахсон тавсия карда шудааст.