Баргузор гардидани дарси назариявии шакли он-лайндошта
Дар ҷодаи ҳамкориҳои дутарафа ва мувофиқи бандҳои 2.1. ва 3.1. Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Костонай ба номи Ш.Қобилбоев ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 25 январи соли 2017 ба имзо расидааст, санаи 3-юми июни соли 2019 дарси назариявии навбатӣ дар мавзӯи «Системаи сиёсии Тоҷикистон» барои курсантони тоҷикзабони Академияи ВКД Костонай гузаронида шуд.
Бояд зикр намуд, ки гузаронидани чунин чорабинӣ дар Академияи ВКД бори нахуст баргузор гардида, аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ., инчунин, сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., пурра ҷонибдорӣ карда шуд.
Лекторон - дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, майори милитсия Муҳаммад Саъди Абдураҳмон ва сардори шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, подполковники милитсия Мансурзода Амиршо Мансур буданд. Мақсади дарс - ин пайдо намудани тасаввурот дар бораи моҳияти системаи сиёсии ҷомеа ва унсурҳои асосии он, инчунин, амалӣ намудани ҷараёни иҷтимоикунонӣ мебошад. Вазифаҳои омӯзишӣ - шинос намудани курсантон бо мафҳум ва вазифаҳои системаи сиёсӣ; кушодан ва фаҳмонидани таркиби системаи сиёсӣ; аз тарафи курсантон пайдо намудани маълумот дар бораи самтҳои инкишофи системаи сиёсӣ дар Тоҷикистон.
Миқдори дарси назариявӣ аз 2 соат иборат буда, дар он саволҳои зерин баррасӣ гардиданд:
1. Мафҳум ва вазифаҳои системаи сиёсӣ
2. Таркиби системаи сиёсӣ
3. Инкишофи системаи сиёсӣ дар Тоҷикистон.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД