Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Амалигардонии усулҳои нави идоракунӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ»

120

Тибқи банди 16 Фасли 3 Нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраҳои ташкилӣ ва назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1 конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Амалигардонии усулҳои нави идоракунӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ» баргузор гардид.

121

Дар конференсия ҳайати профессорону омӯзгорон ва шунавандагони факултет, инчунин намояндагони мақомоти прокуратура ва мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳузур доштанд.
Дар конференсия бо маърӯзаҳо баромад карданд:
1. Нозиров Нақиб Алиевич - сардори факултети №1, н.и.ҳ., полковники милитсия дар мавзӯи «Навгониҳо дар низоми идоракунии мақомоти тафтишоти ҷиноятҳо»;
2. Имомёрбеков Атобек - сардори кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1, н.и.т., генерал-майори милитсия дар мавзӯи «Услубҳои идоракунӣ дар низоми идоракунӣ»;
3. Алимардонӣ Манучеҳр Усмон - сардори кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1, н.и.т., подполковники милитсия дар мавзӯи «Нақши маҳорати роҳбарӣ дар қабули қарори идоравӣ»;
4. Мирзорустамов Мирзоалишер Мирзоқосимович - дотсенти кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1, н.и.ҳ., капитани милитсия дар мавзӯи «Несоответствующий стиль руководителя как фактор профессиональной деформации поведения сотрудников органов внутренних дел»;
5. Касирзода Баҳодур – сардори шуъбаи тафтишотии Прокуратураи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе, майори адлия дар мавзӯи «Асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии идоракунии мақомоти прокуратура»;

122

6. Сафарзода Шодӣ - сардори шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ноҳияи Ҳисор, подполковники адлия дар мавзӯи «Асосҳои ташкилӣ-ҳуқуқии идоракунии мақомоти зиддикоррупсионӣ».
Дар анҷоми конференсия фикру андешаҳои маърӯзачиён оид ба амалигардонии усулҳои нави идоракунӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ба инобат гирифта шуда, аз шунавандагон ва меҳмонон мусбӣ баҳогузорӣ шуданд.
Нозиров Н.А., сардори факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...