Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар шаҳри Хоруғ довталабони Академияи ВКД аз комиссияи тиббӣ гузаштанд

119

Ҳукумати мамлакат дар давраи Истиқлолият ба тарзи ҳаёти солиму инкишофи ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, баҳри рушди бо самари онҳо барномаҳои зиёдеро амалӣ намуда, ба масъалаи илмомузӣ ва аз худ намудани забонҳои хориҷӣ низ аз ҷониби насли ояндасози миллат ҳамаҷониба ғамхорӣ зоҳир карда мешавад. Ҳамчунин ҳамасола дар кишварамон “Рӯзи ҷавонон” таҷлил мегардад, ки ин ҳам аз таваҷҷуҳи хосаву ғамхориҳои роҳбарияти Олии мамлакат нисбат ба ҷавонон мебошад. 

Ҷавонони кишварамон имрӯзҳо дар шароити сулҳу субот, дар қатори дигар имкониятҳо, озодона метавонанд ба донишкадаву донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои касбомӯзӣ дохил гардида, барои аз худ намудани илму ҳунар дар онҳо таҳсил намоянд. Аз ҷумла, ҳамасола теъдоди зиёди ҷавонони довталаби ВМКБ барои дохил шудан ба Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Комиссияи тиббӣ-ҳарбӣ мегузаранд. Имсол низ гуруҳи калони ҷавонони довталаб аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят барои дохил шудан ба Академияи ВКД, дар шаҳри Хоруғ аз Комиссияи тиббӣ-ҳарбӣ гузаштанд. 
Дар ҷавоб ба дастгириву ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат, ҷавонон ҳамчун нерӯи бузургу ояндасози давлату миллат, бояд бо саъю кушиш таълиму таҳсили хуб гирифта, барои боз ҳам рушду шукуфоӣ ва тинҷиву осудагии давлату миллати хеш саҳми босазо гузоранд.

294295

Боиси хушнудист, ки дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат, ҳоло дар тамоми соҳаҳо ҷавонон ҳам дар қатори калонсолон дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла роҳбарикунанда низ фаъолият намуда, дар рушду тараққиёти кишвар аз худ ташаббусҳои зиёд нишон дода, дар шукуфоию ободонии мамлакат саҳми арзанда гузошта истодаанд. 
Кароматулло Абдуллоев, Далер Чоршанбе, ВМКБ.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...