Баргузории конференсияи ҷумҳуриявӣ дар Академияи ВКД
Дар доираи амалигардонии Стратегияи миллии муқовимат бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои солҳои 2013-2020, дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи тақвияти муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир санаи 31 майи соли равон дар Академияи ВКД конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрам оид ба гардиши ғайриқонунии моддаҳои нашъаовар, психотропӣ, прекурсорҳо, моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд» баргузор гардид.
Кори конференсияро муовини сардори Академия оид ба илм н.и.ҳ дотсент, полковники милитсия Саидзода З.А. кушода, аз ҷумла иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир пешсаф буда, ҳоло ҳам дар ин самт проблемаҳо аз қабили маблағгузории гуруҳҳои экстремистию террористӣ аз ҷониби нашъаҷалобон мавҷудаст, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Имрӯз кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи Академияи ВКД барои тадқиқи илмӣ амалӣ ин масоил конференсияи ҷумҳуриявӣ созмон додааст.
Дар кори конференсия мутахасисон аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, омȳзгорон ва курсантони Академия ширкат намуда, бо маърузаҳои илмӣ баромад намуданд.
Махсусан дар атрофи баромадҳои Муродзода Фируза муовини сардори шуъбаи Назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник, Суфизода Ҷ.Н. муфаттиши калони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон капитан, баромади н.и.ҳ., Хайров Ф.М. муовини сардори факултети №2, подполковники милитсия дар мавзȳи «Прекурсорҳо дар санадҳои ҳуқуқӣ ва байналмилалӣ», Шарифзода Вафоиддин дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи Академия дар мавзȳи «Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ҳамчун зуҳуроти ичтимои-ҳуқуқӣ», Аҳёзода Т. муаллими калони кафедраи мазкур майори милитсия оиди масоили мубрами тасарруфи воситаҳои нашъадор ва курсанти курси сеюми факултети №2 Аброров А.А. дар мавзӯи «Сабаб ва шароитҳои ҷинояткорӣ дар соҳаи гардиши маводи мухаддир» боиси баҳсу мунозираи тулонии иштирокчиёни конференсия гардид.
Дар охир иштирокчиёни конференсия барои беҳтар гардонидани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тавсияҳои мушшахаси амалӣ қабул намуданд.
Асламов Б., Сафарова С., Убайдуллоев Ш.