Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷасорат ва шуҷоати курсанти Академияи ВКД

116

Дар вохӯриҳо ва мулоқотҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо курсантону омȳзгорони Акадамия пайваста сухан дар бораи хониши хубу аъло, интизоми намунавӣ, хизмати софдилона баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ меравад. Вазири корҳои дохилӣ иброз менамояд, ки маҳз бо ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои муҳташами Академияи ВКД дар як муддати кȳтоҳ бо тамоми имкониятҳои моддию техникӣ ба истифода дода шуда, масъулияти курсантону кормандонро дар ҳифзи амну суботи миллӣ хизмати беғаразона ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ дучанд намуд. Яке аз вазифаҳои муҳими чи курсант чи корманди амалии МКД ин аз сидқи дил муносибат кардан ба вазифаи хизматӣ, саҳмгузорӣ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ мебошад.
Ин буд, ки ин масъулияти гаронро курсанти курси сеюми Академияи ВКД Назаров Фурқат Ҷонхонович ҳамчун қарзи хизматӣ ва касбӣ дар айёми ҷавониаш эҳсос намуда, якумин шуда, дар бораи вазъи ногувори вайроншавии тартиботи ҷамъиятӣ дар муассисаи ислоҳотӣ меҳнатии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, шаби рух додани ҳодиса ба суроғати телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ иттилоъот дод. Дар асоси иттилоъи ȳ ҳайъати шахсии ВКД бо «Бонги хатар» бархезонида шуда, гуруҳҳои зарурӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир гаштанд.
Дар амалияи мақомоти милитсия ба таври фаврӣ ба ҳодиса ва зуҳуротӣ номатлуб пайгирӣ кардан яке аз ченакҳои баланди фаъолияти касбӣ ба ҳисоб меравад, ки ба ин курсанти Академия дар фаъолияти шабонарӯзии Академия саҳми бевоситаи худро гузошт. Дар асоси супориши Вазири корҳои дохилӣ ва дастгирии бевоситаи сардори Академия, курсант Назаров Ф. дар назди ҳайати шахсӣ ва тағйирёбанда қадрдонӣ карда шуд. Гуфтан ҷоиз аст, ки ин бори аввал нест, ки курсантони Академия дар ҳолатҳои гуногуни вайроншавии тартиботи ҷамъиятӣ бевосита ба мақомоти амалкунандаи милитсия ёрӣ ва кȳмаки беғаразона мерасонанд. ВКД ва Акдемияи он бо чунин курсант фахр менамояд.
Бозорали Асламов, Шавкат Убайдуллоев, Саида Сафарова.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...