Вохӯрии сардорони Шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо курсантон
Дар асоси иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд ва супориши Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар заминаи факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои кӯтоҳмудати такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кадрҳои роҳбарикунанда бо сардорони ШВКД-ҳои шаҳру ноҳияҳо идома дорад.
Баҳри таквияти робитаи назария бо амалияи МКД дар санаи 29-умимайи соли ҷорӣ вохӯрии сардорони ШВКД-ҳои шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо курсантони курси 3-юми факултети №2 Академияи ВКД баргузор гардид.
Сардорони ШВКД-ҳо ба курсантон оид ба талаботи Вазорати корҳои дохилӣ, риояи қонуният ва интизоми хизматӣ донистани ҳуҷҷатнигорӣ ва чолокию ҷасурӣ ба роҳи дурусти донишандӯзӣ ва тарбияи тамоюли касбии кормандони милитсия тавсияҳои муфид доданд. Сардорони ШВКД-ҳои шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастовардхои МКД, ташкили корҳои тарбиявӣ, ғамхориҳои бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар таҳкими асосҳои моддӣ ва маишии ВКД, алалхусус Академияи он сӯҳбатҳои муфид намуданд.
Бозоралӣ Асламов, Шавкат Убайдуллоев, Саида Сафарова.