Ҳамкории тарафайни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон
Дар доираи ҳамкориҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар муассисаҳои олии таълимии давлатҳои иштирокчиёни ИДМ дар доираи табодули таҷрибаи илмии педогогӣ аз ҷониби сардори шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва таъбу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Мансурзода А.М. бо курсантони курси дуюм ва сеюми тоҷикзабони Академияи Ҷумҳурии Қазоқистон дар мавзȳи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва механизми ҳимояи он» ба таври мустақим дар формати онлайн дарси лексионӣ гузаронида шуд. Дар муқадимаи мавзȳъ Мансурзода А.М. иброз намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун санади муҳими давлатӣ дар пешрафти давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон афзалияти воло дорад ва риояи ҳатмии он борҳо аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкид гардидааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни сад конститутсияҳои кишварҳои ҷаҳон аз лиҳози ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон яке аз беҳтаринҳо шуморида мешавад. Дар рафти дарси лексионӣ Мансурзода А.М. бо маҳорати баланди педогогӣ дар бораи маҳфум, мазмун, сохтор, ҳусусиятҳои сиёсӣ-ҳуқуқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва механизми ҳимояи он маълумоти пурра дод.
Ҳамчунин ӯ зикр намуд, ки курсантон бояд ҳамешга ба омȳзиши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавваҷуҳи хос зоҳир намоянд. Вазорати корҳои дохилӣ ва Академияи он чунин иқдом ва ташаббусҳоро пайваста дастгирӣ менамояд, то ин, ки дар замири қалби курсантон эҳсоси ватандорӣ ва худшиносии миллӣ боз ҳам тақвият ёбад.
Асламов Б., Сафарова С., Убайдуллоев Ш.