Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конфронс дар мавзӯи «Азназаргузаронии ҷойи ҳодиса»

100

Рӯзи 28-уми май бо ибтикори Раёсати ташхисӣ-криминалистии Вазорати корҳои дохилӣ дар толори машваратии Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Азназаргузаронии ҷойи ҳодиса» доир гардид. 
Дар кори конфронс муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, сардори Раёсати ташхисӣ-криминалистии ВКД генерал-майори милитсия Муҳаммадизода Муҳаммад Толиб, сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмон, олимон, судяҳо, прокуророн, муфаттишон ва роҳбарони дастгоҳҳои тафтишотӣ, таҳқиқ ва ташхисӣ (эксперт)- криминалистии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамчунин, дар он сардорони шуъба ва шуъбачаҳои тафтишотӣ, таҳқиқ ва сарэксперт-криминалистони судӣ, ташхисӣ-криминалистии ВКД ва ҷузъу томҳои он дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, ҳамзамон намояндагони васоити ахбори омма иштирок варзиданд.

101

Ҷаласаро муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом оғоз намуда, ба ҳозирин барои иштирок ва саҳмгузорӣ дар баргузории конфронс арзи сипос намуд. Мавсуф зимни ироаи маърӯзаи хеш, аз он ҷумла изҳор дошт, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз вазифаҳои асосии давлат маҳсуб ёфта, баҳри таъмини он дар ҷумҳурӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид менамоянд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намуда, яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

265

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти таҳқиқ ва тафтиши ВКД, дар партави сиёсати инсонпарваронаю сулҳхоҳона ва одилонаи Сарвари давлат дар амалӣ кардани ҳадафҳои ин сиёсат, баҳри мубориза бар зидди ҷиноят ва ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои муташаккили хусусияти террористӣ, экстремистӣ ва трансмиллидошта, бо истифодаи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонуни мурофиаи ҷиноятӣ ва қонуни ҷиноятӣ фаъолияти босамар бурда истодаанд.
Дигаргунӣ ва равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат идома доранд ва инсониятро ба таҳдиду хатарҳои наве рӯ ба рӯ гардонидааст, ки ин вазъият муносибати комилан навро дар ҳамаи самтҳои ҷомеаи инсонӣ тақозо менамояд. Аз ин рӯ, мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ вазифадоранд, ки ҳодисаҳои бавуқӯъпайвастаро ҳамаҷониба, пурра ва холисона мавриди таҳқиқ ва тафтиш қарор дода, фаъолияти худро танҳо дар асоси Конститутсия, Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва дигар қонунҳои ҷумҳурӣ ба таври амиқ ва якхела ба роҳ монанд.
Тавре номбурда иброз намуд, мувофиқи талаботи банди 3 моддаи 9 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ риоя накардани талаботи қонун, сарфи назар аз он ки дар кадом асос роҳ дода шудааст, иҷозат дода намешавад ва боиси масъулияти муқаррарнамудаи қонун гардида, санадҳои ғайриқонунӣ қабулшуда беэътибор дониста, бекор карда мешаванд.
Барои амалӣ намудани ин ва дигар талаботи қонун мақомоти таҳқиқ ва тафтишотиро зарур аст, ки дар доираи талаботи пешбининамудаи Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ аввалин амали тафтишотии азназаргузаронии ҷойи ҳодисаро бо сифати баланд ба анҷом расонанд. Вайрон намудани талаботи қонун дар иҷрои ин амали тафтишотӣ ва сари вақт нагузаронидани он ки боиси аз даст додани далелҳо гардиданаш мумкин аст, мувофиқи мақсад мебошад.
Ба андешаи Икром Умарзода, дар Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ чунин меъёрҳо муқаррар карда шудааст: «Азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, маҳал, бино, асбобу анҷом ва ҳуҷҷатҳо, бо мақсади ошкор кардани осори ҷиноят ва дигар объектҳои моддӣ, муайян кардани дигар ҳолатҳои барои парванда аҳаммиятнок анҷом дода мешавад».

266

«Ҳаракатҳои таъхирнопазири тафтишӣ ва дигар амали мурофиавӣ аз қабили азназаргузаронӣ, ёфта гирифтан, кофтуков, ҳабси муросилоти почта… ва ғайра барои муқаррар ва мустаҳкам намудани изҳои ҷиноят гузаронида мешаванд». Яъне, муҳимият ва аввалиндараҷа будани амали тафтишотии азназаргузаронӣ дар 20 моддаи Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ зиёда аз 60 маротиба дарҷ ва асоснок карда шудааст.
- Дар азназаргузаронии ҷойи ҳодиса истифода бурдани техникаи криминалистӣ таҷрибаи таърихӣ буда, имконият медиҳад то маълумотҳои амиқ ва бебаҳс дар ҷойи ҳодиса ба даст оварда шаванд. Ғайр аз ин, азназаргузаронии касбии ҷойи ҳодиса, тарз, роҳҳои ошкор намудан ва гирифтани изи даст, азназаргузаронии дигар далелҳои шайъии хурдтарин, аз қабили мӯи сар, заррачаҳо, дигар изҳо дар ҷойи ҳодиса, тартиби ёфта гирифтани силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ, воситаҳои нашъадор, азназаргузаронии ҷасад ва дигар далелҳои шайъӣ, наворҳо, фонограммаҳо, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқол мешаванд, азназаргузаронии пурраи як мавзеъ ва ё маҳал, ки масоҳати хеле васеъро дар бар мегирад, инчунин хусусияти хос ва мушкилоти азназаргузаронии ҷойи ҳодисаи ҷиноятҳои алоҳида ва ғайраҳо проблемаҳое мебошанд, ки ҳам аз нигоҳи меъёрҳои қонунгузорӣ ва ҳам аз ҷиҳати амалӣ бояд мавриди баррасии васеъ қарор дода шавад, - афзуд муовини Вазир.
Сипас, сардори Раёсати ташхисӣ-криминалистии ВКД генерал-майори милитсия Муҳаммадизода Муҳаммад Толиб баён намуд, ки мақсад аз баргузории конференсияи илмӣ-амалӣ боз ҳам беҳтар ва сифатнок намудани азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, самаранок ба роҳ мондани ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷойи ҳодиса ва истифодабарии самараноки тавсияҳои қабулшуда мебошад.

267

Дар идомаи чорабинӣ сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Файзалӣ Шарифзода дар мавзӯи «Аҳамияти азназаргузаронии ҷойи ҳодиса дар кушодани ҷиноятҳо», муовини сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумрук Баҳриддин Эмомзода дар мавзӯи «Ташкил ва таъмин намудани ҳайати пурраи гурӯҳи тафтишотӣ-оперативӣ дар азназаргузаронии ҷойи ҳодиса», муаллими калони факултаи ҳуқуқии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия Давлатбек Худоёрбеков дар мавзӯи «Меъёрҳои ҳуқуқии фаъолияти ташкилии муфаттиш ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса», муовини раиси Суди шаҳри Душанбе Асомудин Бобохонзода дар мавзӯи «Таҷрибаи судӣ оид ба камбудиву норасоиҳои азназаргузаронии ҷойи ҳодиса дар фаъолияти мақомоти тафтишоти пешакӣ», ассистенти кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқ Далер Қодиров оид ба «Азназаргузаронии таҷҳизоти электронӣ», муовини сардори Раёсати тафтишотии ВКД подполковники милитсия Абдулҳақ Раҳматуллозода дар мавзӯи «Азназаргузаронӣ зимни ҳодисаҳои садамаи нақлиётӣ», директори Маркази такмили ихтисоси адвокатҳои Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозил Оқилов дар мавзӯи «Таҷрибаи судӣ оид ба камбудиву норасоиҳои азназаргузаронии ҷойи ҳодиса дар фаъолияти мақомоти тафтишоти пешакӣ», инчунин дигар иштирокчиёни ҳамоиш бо маърӯзаҳои пурмӯҳтавои худ баромад намуданд.

268269

Маърӯзачиён зимни баромади худ оид ба омода намудани мутахассисони баландпоя дар самти тафтишот, ташхиси криминалистӣ, истифодабарандагони техникаву таҷҳизоти криминалистӣ, босифат ва дақиқ азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, ҳамоҳангии бахшҳои тафтишотӣ, таҳқиқ, ташхиси криминалистӣ ва криминалистӣ судии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар ошкор ва кушодашавии ҷиноятҳо, сари вақт гирифтани изи ҷиноят дар ҷойи ҳодиса, дуруст ва дар сатҳи зарурӣ тартиб додани протоколҳои азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ва дигар самтҳоро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор доданд.
Бояд қайд кард, ки дар баргузории конфронси мазкур Намояндагии доимии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон «JICA» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор буда, роҳбари он Хидеки Танабе аз иштирок дар кори ҷаласа ба роҳбарияти ВКД арзи сипос намуда, қайд кард, ки ташкилоти байналмилалии «JICA» дар доираи ҳамкориҳои густурдаи ду давлат омода аст, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии кормандони соҳа мусоидат намояд.
Ҳамзамон, аз ҷониби иштирокчиёни конфронс оид ба пешрафти соҳа ва ноил гардидан ба дастовардҳои нав таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардид.

Раҷаббек ИЛЁСОВ

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...