Боздиди намояндагони ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ аз Академияи ВКД
Дар ҷамъомади бошукӯҳе, ки ба муносибати «Соли ҷавонон» имрӯз - 25-уми декабр дар маҷлисгоҳи Академияи ВКД баргузор гардид, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам, муовини Вазири маориф ва илми кишвар Одиназода Бозоралӣ Неъмат, роҳбарият ва ҳайати омӯзгорону курсантони Академия ва намояндагони ҷавонони фаъол аз тамоми донишгоҳу донишкадаҳои олии минтақаву вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Қабл аз шурӯъи чорабинӣ, ҳайати меҳмонон, дар саҳни Академияи ВКД аз намоишгоҳи дастовардҳои илмиву варзишии омӯзгорону курсантони ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дидан намуданд.
Сипас, зимни ифтитоҳи ҷамъомади бошукӯҳе, ки дар маҷлисгоҳи Академияи ВКД доир гардид, сардори муассисаи таълимии мазкур генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ташрифи меҳмононро ба ин даргоҳи маърифат хайрамақдам гуфта, сухани табрикотиро ба Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дод.
Рамазон Раҳимзода зимни суханронӣ аз дастовардҳои ҷумҳурӣ тайи соли сипаришудаи 2017 ёдовар шуда, изҳор намуд, ки рӯйдоди фараҳбахше, ки дар охири ин сол ба вуқӯъ пайваст, ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат буд, ки рӯзи 22-юми декабр сурат гирифт.
Роҳбари аввали мақомоти корҳои дохилӣ аз тафовути Паёми навбатии Пешвои миллат аз Паёмҳои солҳои пешини ӯ ҳарф зада, зикр намуд, ки дар Паёми навбатии худ Сардори давлат як қатор имтиёзҳо дар соҳаи андоз, дастгирии корхонаву муассисаҳои истеҳсолии дохилӣ, аз ҷумла соҳибкорони ватанӣ ва пешниҳоди сабукиҳо ба онҳо, воридсозии таҷҳизоти замонавии дорусозӣ ба кишвар, баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои тандурустиву маориф, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, нафақа, стипендияи донишҷӯён иброз доштанд. Аз ҷумла, Роҳбари давлат дар ин Паёмашон соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карданд, ки мақсад аз он дастгирии ин самтҳои муҳимми хоҷагии халқи ҷумҳурии соҳибистиқлоламон мебошанд.
Вазири корҳои дохилӣ ба масъалаи таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаи Пешвои миллат нисбати ҷавонон дахл намуда, иброз дошт, ки тавре дар Паёми навбатии Президенти мамлакат омадааст: «Ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд», аз ин рӯ, ҳадаф аз ҷамъомади имрӯзаи мо низ аз наздик суҳбат намудан бо намояндагони ҷавонони фаъол аз тамоми минтақаҳои кишвар ва бохабар шудан аз ҳаёту фаъолияти онҳо мебошад.
Рамазон Раҳимзода «Соли ҷавонон»-ро натиҷабахш арзёбӣ намуда, тазаккур дод, ки дар асоси Нақшаи якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Вазорати маориф ва илм давоми соли равон дар вилояту шаҳрҳо ва минтақаҳои гуногуни кишвар конфронсу семинарҳо баргузор карда шуданд, ки дар онҳо шумораи зиёди ҷавонони касбу кори гуногун ва хонандагону донишҷӯён иштирок намуданд.
Тавре мавсуф зикр намуд, имрӯз барои таҳсилу фароғат ва машғул шудан ба ҳар гуна машғулиятҳо барои ҷавонон тамоми шароитҳо муҳайё мебошанд.
«Аз ҷумла, тавре шумо - намояндагони ҷавонони фаъоли кишвар дида истодаед, макони баргузории чорабинии имрӯзаи мо - Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, ки назираш дар Осиёи Марказӣ нест, дар арафаи Рӯзи дониш бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки туҳфаи арзишманде буд дар «Соли ҷавонон».
Имрӯз дар тамоми ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ, аз ҷумла дар Академияи он барои машқу тамрингузаронии ҷавонон тамоми шароитҳо мавҷуд буда, ҳамсолони шумо дар толорҳои муҷаҳҳаз бо тамоми дастгоҳҳои зарурӣ ба намудҳои гуногуни варзиш машғул мешаванд», - илова намуд Вазир.
Тавре Вазири корҳои дохилӣ зимни суханронии худ зикр кард, новобаста ба андешидани чораҳои зиёд баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди кору таҳсил ба ҷавонон, мутаассифона ҳанӯз ҳам ҳолатҳои ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ шомил гардидани намояндагони ин табақаи ҷомеа ҷой дошта, авбошиву муноқишаҳои мактабиву гурӯҳӣ миёни онҳо ба қайд гирифта мешаванд.
Мавсуф бо овардани мисолҳо аз ин гуна рафтору кирдорҳои номатлуби ҷавонон, изҳор дошт, ки волидонро зарур аст, ки ҳарчи бештару беҳтар бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти пешгирии оворагардиву беҳудагардии фарзандони худ ҳамкорӣ намоянд.
Вазир изҳори умед намуд, ки ширкаткунандагони ҷамъомади имрӯза, ки ҳамаашон донишҷӯёну ҷавонони фаъоли мамлакат мебошанд, метавонанд дар масъалаи пешгирӣ ва мубориза бурдан бо ин гуна зуҳуроти номатлуб, дар байни ҳамсолони худ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ баранд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам дар баромади худ аз дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти давлат нисбати ҷавонон ёдовар шуда, иброз намуд, ки тавре Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатиашон иброз доштанд, беш аз 60 фоизи дар толор ҳузурдоштагонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ба Паёми Президенти кишвар гӯш медоданд. Ин далели возеҳи ба боварии Сарвари давлат сазовор будани ин қишри пешоҳанги ҷомеа мебошад.
Аҳтам Абдуллозода бо ёдоварӣ аз эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» иброз намуд, ки аз оғози соли равон тамоми мақомоту идораҳои кишвар, хусусан Вазорати корҳои дохилӣ дар паҳлӯи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш қарор гирифта, дар баргузории як қатор ҷамъомаду чорабиниҳо саҳмгузорӣ намуданд.
«Аз номи тамоми ҷавонони кишвар миннатдории худро ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ мерасонам. Зеро кормандони милитсия дар ҷараёни беш аз 20 ҳазор маҳфилу чорабиниҳое, ки дар «Соли ҷавонон» дар саросари кишвар гузаронида шуданд, моро ҳамроҳӣ намуда, ҳангоми баргузории онҳо тартиботи ҷамъиятиро таъмин карданд», - иброз намуд ӯ.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш аз сатҳи ҳамкориҳои тарафайн бо Вазорати корҳои дохилӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Махсусан, ӯ робитаҳои байни ин ду мақомотро дар самти ба таълиму тарбия ва ҳаёти солим ҷалб сохтани ноболиғону ҷавонони душвортарбия шоистаи таҳсин номид.
Дар идомаи ҷамъомади бошукӯҳ миёни роҳбарони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва донишҷӯёну курсантон табодули афкор сурат гирифт. Аз ҷумла, донишҷӯёну курсантон Наҷибулло Мӯсоев, Судоба Шарифзода, Ҳокимҷон Ҳабибов, Меъроҷ Ғуломов, Малоҳат Ҷамилова, Шаҳноза Ғуломова ва дигарон бо таклифу пешниҳодҳо баромад намуда, сипосу миннатдории худро ба созмондиҳандагони ҷамъомади мазкур баён дошта, қавл доданд, ки дар ҷавоб ба ҳама дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кӯшиш менамоянд бо баҳои хубу аъло таҳсил карда, дар оянда барои халқу Ватан хизмат намоянд.
Дар интиҳои чорабинӣ баҳри болидахотирии иштирокчиёни он барномаи фарҳангӣ-фароғатии курсантони Академияи ВКД пешкаш карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки намояндагони ҷавонони фаъол аз донишгоҳу донишкадаҳои олии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Бадахшон, Суғду Хатлон, минтақаи Рашт ва дигар шаҳру навоҳии кишвар, ки шумораашон беш аз 100 нафарро ташкил медоданд, тайи ду рӯз - 24-25 декабри соли равон аз Академияи ВКД дидан намуда, бо дастовардҳои ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз наздик шинос гардиданд.
Чанде аз ҷавонони фаъоли иштирокчии ин маҳфил, ҳамчун рамзи дӯстию рафоқат, аз тарафи Академияи ВКД бо Ифтихорномаҳо ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Умед ОЧИЛОВ