Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими хатми курсҳои кӯтоҳмуддати кормандони СХДО

98

Тибқи нақшаи мавзӯъҳо оид ба гузаронидани курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисос бо сардорони бастҳои навбатдории ҷузъу томи СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд, дар кафедраи такмили ихтисоси факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандон дар самти тайёрӣ ва хизмат бо сардорони бастҳои навбатдории ҷузъу томи СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 20 – май то 30 майи соли ҷорӣ дарсҳои таълимӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Бояд қайд намуд, ки аз тарафи мутахассисони Академияи ВКД ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ муовини директории МДТ, Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хизмати дохилӣ Буризода Х.Б., муовини роҳбари оташнишонии Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД, подполковники хизмати дохилӣ Сангов Д.А., подполковники хизмати дохилӣ Сафаров Р., майори хизмати дохилӣ Ҷобирзода С. дарсҳои таълимӣ гузаронида шуданд.

99

Маросими супоридани шаҳодатномаҳо рӯзи 30-уми май аз ҷониби сардори Акмадемияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. дар синфхонаи таълимии такмили ихтисос дар як сатҳи баланд баргузор гардид.
Кормандони СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ташкил ва гузаронидани курсҳои такмили ихтисос миннатдории худро изҳор намуданд.

Ҳалимзода Д.Д.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...