Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кормандони хизмати посбонию пайраҳадории милитсия соҳиби сертификат гардиданд

94

Дар кафедраи такмили ихтисоси факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандон дар самти фаъолияти маъмурии МКД бо кормандони хизмати посбонию пайраҳадории милитсия курсҳои такмили ихтисос ташкил ва гузаронида шуд.
Бояд қайд намуд, ки дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин курсҳои такмили ихтисос бо ташаббуси Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва сардори Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

95

Аз санаи 29-уми апрел то 29 майи соли ҷорӣ мувофиқи нақшаи тасдиқгардидаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 18 нафар кормандони хизмати посбонию пайрадории милитсия ба таълим фаро гирифта шуд, ки санаи 29-уми майи соли 2019 курси мазкурро бо мувафақият хатм намуданд.
Дар маросими супоридани сертификат, ки рӯзи 29-уми май дар факултети №3 баргузор гардид, аз ҷониби сардори факултети мазкур, номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия Амрудинзода М.А. дар сатҳи баланд супорида шуданд.

96

Кормандони хизмати посбонию пайрадории милитсия миннатдории худро ба роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкил ва гузаронидани курсҳои такмили ихтисос баён намуданд.
Ҳалимзода Д.Д.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...