Вохӯрӣ бо роҳбари Лоиҳаи PDV «Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ»
Бо мақсади пурқувват намудани ҳамкории дутарафа оид ба масъалаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ санаи 29 майи соли 2019 вохӯрии роҳбарияти Академияи ВКД бо намояндагони филиали GOPA мбХ дар Ҷумҳурии Тоҷики-стон Лоиҳаи PDV «Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ» бар-гузор гардид.
Аз тарафи Академияи ВКД меҳмононро муовини сар-дори Академияи ВКД оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, полковники милитсия Саидзода З.А. пешвоз ги-рифт.
Зимни суханронӣ Саидзода З.А. қайд намуд, ки дар давоми солҳои охир зӯроварии хонаводагӣ дар Тоҷикистон ба як ҳодисаи маъмулӣ мубаддал гардидааст. Ин сабаб гар-дид, ки 19 марти соли 2013 бо мақсади пешгирии зӯроварӣ дар оила Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 қабул карда шуданд, ки ин қадами муҳим ба сӯйи рушди ҷомеаи демократӣ гардид. Аз соли 2013 дар Академияи ВКД курси махсуси оид ба пешгирӣ намудани зӯроварӣ дар оила омӯзонида мешавад.
Дар навбати худ директори Лоиҳаи «Пешгирии зӯро-варии хонаводагӣ» (PDV) Елена Максименко гуфт, ки лоиҳаи мазкур дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Ҳукумати Швейтсария аз соли 2004 фаъолият мекунад. Мақсади умумии лоиҳа ин паст кардани сатҳи зӯроварӣ дар оила ҳамчун поймолкунии мудҳиштарини ҳуқуқи инсон ва инчунин баланд бардоштани савияи маълумотнокии аҳолӣ оид ба масъалаҳои зӯроварӣ дар оила иборат мебошад.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои гуногун, аз ҷумла, ҷабҳаҳои назариявии танзими ҳуқуқии пешгирии зӯроварӣ дар оила, омӯзиши маҳорати дарсдиҳии фанни пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҷабҳаҳои аксуамали кормандони ми-литсия оид ба ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оила, ҷабҳаҳои ра-вонии зӯроварӣ дар оила, инчунин, масъалаҳои омӯзони-дани проблемаҳои зӯроварӣ дар оила дар курсҳои такмили ихтисоси факултети № 1 ва 3 баррасӣ шуданд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр