Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар доир ба «Сайёҳӣ - имконият ва заминаҳои нави ҳамкорӣ»

91Рӯзи 29-уми май дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Сайёҳӣ - имконият ва заминаҳои нави ҳамкорӣ» бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои солҳои 2019-2021 доир гардид. Дар мизи мудаввар ҳайати омӯзгорони факултет гирд омада масъалаҳои ташккули минбаъдаи сайёҳӣ ва дурнамои онро дар кишвар мавриди назар қарор доданд. Сараввал, бо сухани муқаддимавӣ муовини сардори факултети №4 оид ба таълим номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Ғафуров М.С. баромад намуда таъкид дошт, ки кӯшишҳои имрӯзаи Ҳукумати кишвар пеш аз ҳама барои рушди сайёҳӣ равона карда шудааст ва умед аст, ки минбаъд он ба яке аз соҳаҳои сернуфуз табдил меёбад.

Сипас аз тарафи муаллимаи кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ капитани милитсия Алимова Ҳ. дар мавзӯи «Тоҷикистон сарзамини сайёҳӣ ва масъалаҳои он дар фаъолияти кормандони МКД» маърӯзаи асосӣ шунида шуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки яке аз масъалаҳои рушди сайёҳӣ дар кишвар ин таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони хориҷӣ аз тарафи кормандони МКД мебошад. Бинобар ин қайд гардид, ки дастуру супоришоти Вазири корҳои дохилӣ генерал - полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро доир ба масъалаи забономӯзии кормандон саривақтӣ буда, он имконият фароҳам меоварад, ки кормандони МКД таҷассумгари фарҳанги бойи ниёгон гардида аз ҳолу аҳвол ва раванди шиносоии сайёҳони хориҷӣ аз сарзамини Тоҷикистон бохабар гарданд.
Дар ҳамин мазмун муаллими калони кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ капитани милитсия Сайфиддинзода С. доир ба «Нақши анъанаҳои миллӣ дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ», муаллими кафедраи фанҳои ҳарбӣ-хизматӣ лейтенанти милитсия Бекназарзода Н. дар мавзӯи «Мусоидати ҳунарҳои мардумӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ», муаллими кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ, лейтенанти милитсия Абдуллозода Д. «Рушди сайёҳӣ ва самтҳои асосии амалисозии он», Раҳмонзода Х. «Сайёҳӣ ва ҳунар – муаррифгари чеҳра ва фарҳанги кишвар» баромад карданд.
Дар баробари ин вобаста ба мавзӯъҳои пешниҳодшуда дар байни омӯзгорони факултет баҳсу мунозираҳо доир ба рушди сайёҳӣ дар кишвар баргузор гардид.
Баъдан аз тарафи иштирокчиёни мизи мудаввар пешниҳод карда шуд, ки барои ташрифи сайёҳон:
1. Ба шаҳрҳои таърихии Панҷакент, Кӯлоб, Хуҷанд, Истаравшан, Ҳисор барин шаҳрҳои таърихӣ, бештар боз заминаҳои мусоид барои ҷалби сайёҳон фароҳам оварда шуда, дар баробари он дар оянда политсияи сайёҳӣ ташкил карда шаванд.
2. Дар оянда ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони хориҷӣ бояд яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи политсияи сайёҳӣ гарданд.
3. Ҳамчунин барои ҷалби шаҳрвандони дохилӣ ба ҷойҳои фарҳангию таърихӣ бояд бештар толибилмони мактабҳои миёна, донишҷӯён ҷалб карда шуда, дар асоси барномаҳои гуногун монанди барномаҳои экологӣ, геологӣ, этнографӣ, археологӣ ҷалб карда шаванд.
4. Экскурсияҳои омехта ба воситаи автомобил ва ҳам пиёда ба ҷойҳои таърихӣ ташкил карда шаванд.
5. Дар заминаи макотиби олӣ ташкили мусобиқаҳои варзишӣ доир ба кӯҳнавардӣ аз аҳамият холӣ нест.
6. Ташкили экспедитсияҳои илмӣ дар ҷодаи илми экология, биология, геология, яке аз самтҳои муҳими тарбияи ҷавонон дар ин соҳаҳо бошанд.
7. Ширкатҳои сайёҳӣ фаъолияти хешро ба минтақаҳои кӯҳӣ ва водии Тоҷикистон бояд бештар ба роҳ монанд.
8. Дар доираи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд озмун доир ба ҳунарҳои дастии курсантон эълон карда шавад.
Ҳайати омӯзгорони факултет тасмим гирифтаанд, ки барои ҷалби курсантон ба ҳунарҳои миллӣ дар оянда чорабиниҳои фарҳангӣ доир намоянд.
Алимова Ҳ.А., муаллимаи фанҳои ҷамъиятӣ, капитани милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...