Сипосгузории шаҳрвандон ба Вазири корҳои дохилӣ
Кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро мудом дар хизмати халқу Ватан қарор дошта, сари вақт ба ёрӣ ва кӯмаки шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар ҳолатҳои гуногун хизмати беғаразона ва софдилона мебаранд.
Аз рȳи маълумотҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали моҳи апрели соли ҷорӣ боришоти зиёд пешбинӣ гардида буд. Вазорати корҳои дохилӣ чунин вазъро зери назорат қарор дода, шабонарӯзӣ кушиш мекарданд, ки ба кӯмаки шаҳрвандон дар лаҳзаҳои зарурӣ ҳозир шаванд.
Чунин як ҳолати табиӣ дар кӯчаи Мирзо Мастонгулови шаҳри Душанбе санаи 5-уми апрели соли ҷорӣ рух дод ва ҳавлии шаҳрвандон дар натиҷаи боришоти зиёд қисман зарари моддӣ дида, дарҳол курсантони Академияи ВКД ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, бо супориши сардори Академия ҳавлии шаҳрвандони мазкурро аз обу лой тоза намуда, ёрии моддӣ дар намуди масолеҳи сохтмонӣ расониданд.
Дар ҳамин асос шаҳрвандон: оилаи Салаев Рустам ва Солиева Бибиоиша ба Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро изҳори миннатдорӣ намуда, зикр менамоянд, ки аз фаъолияти шабонарӯзии кормандони милитсия қаноатманд буда, ба кулли кормандони он дар фаъолияти пурмасъулашон баҳри ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон арзи сипос менамоянд.