Табодули мероси наслҳо дар Академияи ВКД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи насли наврас ва ҷавонон таваҷуҳи хос зоҳир менамояд. Ҷавононро қувваи пешбарандаи ҷомеа ҳисобида тамои шароитҳоро барои онҳо муҳайё месозад. Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар вохӯриҳояш бо ҷавонон иброз менамояд, ки онҳо таҷриба, малака ва маҳорати насли калонсолро омȳхта, дар ҳаёти ҷамъиятӣ татбиқ созанд.
Дар ҳамин асос бо ташаббуси сардори Академияи ВКД генерал-майори миилтсия Шарифзода Ф.Р. дар Академияи ВКД вохȳрӣ бо кормандони мустаъфии мақомоти корҳои дохилӣ Шукрулло Азизуллоеев ва Собирҷон Ҳомидов баргузор гардид.
Мулоқотро сардори факултети №6 полковники милитсия Самиев Назар кушода, қайд намуд, ки ин ду шахси муътабар дар рушду нумӯи мақомоти милитсияи тоҷик саҳми арзанда дошта, ба синни нафақаи худ нигоҳ накарда ҳоло ҳам ба фаъолияти педогогӣ машғул мебошанд. Шукрулло Азизуллоев, ки синни мубораки 70-ро пурра менамояд, нахустин хатмкунандаи мактаби миёнаи махсуси милитсияи шаҳри Душанбе буда, аз соли 1972 то инҷониб дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият намудааст.
Собирҷон Ҳомидов низ тӯли зиёда аз 25-сол дар мақомоти милитсия фаъолият намудааст. Дар мулоқот ин ду шахси муътабар дар бораи фаъолияти кории милитсия дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ иттилоъ дода, меҳри касби корманди милитсияро бори дигар дар замири курсантон тарбия намуданд. Сипас ба суолҳои зиёди курсантон ҷавоб гуфта, онҳоро баҳри омȳзиши илм ва хизмати софдилона ба Ватан ҳидоят намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҳозирин ба Шукрулло Азизуллоев ва Собирҷон Ҳомидов барои идомаи фаъолияти педогогӣ дар Академия ВКД таманниёт ва орзуҳои нек намуда, ҳамзамон чунин табрикот ва таманниёт аз ҷониби сардори Академияи мазкур ба ин шахсони пуртаҷрибаи мақомоти корҳои дохилӣ расонида шуда, ба онҳо саломатӣ ва бурдбориҳо орзу намуданд.
Асламов Б., Убайдуллоев Ш., Сафарова С.