Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муваффақу музаффар

Мо бо ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем.

 

Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Зеро имрӯз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин нерӯи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш қайд менамоянд, ки ҷавонон ояндасози давлату миллатанд. Воқеан дуруст аст, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст. Ҷавонон муаррифкунандаи давлату кишваранд. Ҷавонон ояндасози имрӯзу фардои ватананд ва мамлакатро бе ҷавонон тасаввур кардан нашояд. Тоҷикистонро кишвари ҷавонон мегӯянд, зеро шумораи бештари аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил мекунанд. Тоҷикистон тавассути ҷавонони созандаю ободкори худ рушд мекунад ва солҳои минбаъда ба як давлати мутараққию пешрафтаи ҷаҳон табдил меёбад. Ҷавонон тавассути донишу қобилият ва зӯру бозуи худ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, парчамбардори меҳан мешаванд.

80

Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, бахусус дар марҳалаи гузариш аз як низоми сиёсиву ичтимоӣ ба низоми сифатан нави идоракунӣ ба бисёр мушкилиҳои сахту сангин рӯбарӯ гардид.
Зеро ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, яъне замоне, ки аксари шумо ҳанӯз хурдсол будед, ҷомеаи моро ҷанги шахрвандӣ ва баъдан буҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаро гирифта, дар баробари талафоти гарони ҷонӣ, ки муттаассифона, қисми зиёдтарини онҳо ҷавонон буданд, иқтисоди кишварамон ба ҳисороти вазнини моддӣ дучор омад.
Бо вуҷуди ин, аз ҳамон марҳалаҳои душвори таърихӣ сар карда, то ба ҳол давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз чумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар ва ҷойи кор гардидани онҳо, инчунин мавқеи хоса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд.
Ҳамагӣ баъд аз шаш моҳи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ парламенти кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”-ро ба тавсиб расонид, ки санади мазкур заминаҳои ташкиливу ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавононро муҳайё намуд.
Дар ин марҳалаи нави таърихӣ Тоҷикистон дар байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, ин иқдомро ба роҳ монд, ки ҳадафи асосии он фароҳам овардани шароити мусоид барои ба камол расонидани насли нави худогоҳу худшинос ва соҳибмаърифату ватандӯст ба ҳисоб мерафт.
Баъди мулоқоти Президенти кишвар бо намояндагони ҷавонони мамлакат аз 23 майи соли 1997 худи ҳамон сол мақоми ваколатдори соҳа - Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳи ноябри соли 2006 дар заминаи ин мақоми давлатӣ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Ҳар сол аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун байни донишҷӯёни вилоят барои додани стипендияи Раиси вилояти Суғд гузаронида мешавад.
Аз ин рӯ, роҳбарияти факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои Қарори Раиси вилояти Суғд дар бораи муқаррар намудани стипендияи Раиси вилояти Суғд барои соли таҳсили 2018-2019» талаботи Низомнома марҳилаи аввали озмунро дар факултет ташкилу баргузор намуд. Номзадии довталабон, курсантони курси дуюм Назаров Бахтовар Қудратуллоевич ва Шукурзода Муҳаммад дар марҳилаи аввали озмун ба гирифтани холҳои зарурӣ ноил гардидаанд ва дар асоси Қарори Шӯрои олимони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар озмуни вилоятӣ пешбарӣ гардиданд.
Санаи 23 майи соли 2018 дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд назди Муассисаи давлатии Маҷмааи таърихӣ – фарҳангии “Истиқлол” маросими тантанавии ҷамъбастии чорабиниҳои Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд.
Ин чорабинии бошукӯҳ бо ҳузури роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма, роҳбарони муаасисаҳои олӣ ва кормандони соҳаи маориф, ҷавонони фаъол, донишҷӯён, магистрантон, аспирантон, гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирандагони Стипендияи Раиси вилояти Суғд, шоирон ва санъаткорони наврасу ҷавон, ғолибони як қатор озмунҳо ва гирандагони стипендияи раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, варзишгарон, намояндагони ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор шуд.
Курсантон Назаров Бахтовар Қудратуллоевич ва Шукурзода Муҳаммад дар озмуни вилоятӣ иштирок намуда бо сатҳи забондониву дониш ва маҳорату малакаи худ барои гирифтани стипендияи Раиси вилояти Суғд барои соли таҳсили 2018-2019 ноил гаштанд, ки шарафи факултетро дар сатҳи вилоят баланд бардоштанд.

81

Дар асоси Паёмҳои Роҳбари давлат, дигар суханрониҳо ва дастуру супоришҳое, ки дар иртибот ба тарбияи насли наврас ва ҷавонони кишвар мунтазам дода мешаванд, рушди пайгиронаи соҳаи маориф таъмин гардида, мактаб ва илму маориф, инчунин рушди инсонӣ дар сиёсати кунунии давлату Ҳукумат ба сатҳи масъалаи аввалиндараҷа бардошта шуд.
Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо боварии бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд.
Ҷабборова М.Т., сардори қисми таълим, н.и.ф., майори милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...