Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Викторинаи ҳуқуқӣ бахшида ба «Рӯзи ҷавонон» ва солҳои «Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

77

Викторинаи ҳуқуқӣ таҳти унвони «Ҳуқуқшиносони умедбахш» бахшида ба «Рӯзи ҷавонон» ва солҳои «Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар байни курсантони курсҳои якум, дуюм, сеюм ва чоруми факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 23 майи соли ҷорӣ дар муассисаи давлатии Қасри Ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ бо мақсади иҷрои нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, фасли 4, банди 10 аз тарафи ҳайати кафедраи фанҳои давлатӣ – ҳуқуқӣ ташкил ва гузаронида шуд. 

78

Викторинаи ҳуқуқиро муовини сардори факултет №4 н.и.ҳ., подполковники милитсия Ғафуров М.С. ҳусни оғоз бахшида, тамоми иштирокунандагон, аз ҷумла устодон ва курсантонро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик намуд.
Мавриди зикр аст, ки викторинаи ҳуқуқӣ аз чор шарт иборат буда, шарти якум: «Саломнома», шарти дуюм: «Дониши дақиқ», шарти сеюм: «Ҳалли масъала» ва шарти чорум: «Бахши фарҳангӣ» ном гирифта буд, ки дар он чор даста байни худ сабқат намуда, ҷойҳои якум ва дуюмро ишғол намуданд.
Викторинаи ҳуқуқиро муовини сардори факултет №4 н.и.ҳ., подполковники милитсия Ғафуров М.С. ва раиси ҳакамон директори муассисаи давлатии Қасри Ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ Шарифзода Иброҳим Иномӣ бо муайян намудани ғолибон:

79

Ҷои якум дастаи «Ваҳдат» бо гирифтани 89 хол;
Ҷои дуюм дастаи «Антивирус» бо гирифтани 84 хол;
Ҷойҳои сеюму чорумро мутаносибан дастаҳои «Ҳомиёни қонун» ва «Пайравони Пешво» ишғол карданд, ҷамбаст намуданд.
Аз тарафи роҳбарият ба ғолибони викторина, туҳфаҳои хотиравӣ ва Ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.
Муҳаммад Ибодзода, муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №4 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

payom1

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад.