Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа»
Ҷомеаи мутамаддин аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус милитсия иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ, нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шахс, мубориза алайҳи тамоми намуди ҷинояткориро тақозо менамояд. Аз ин рȳ, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохурӣ бо кормандони милитсия бахшида ба Рȳзи касбии милитсия, амалигардонии Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020, қарорҳои ҷаласаи мушовараи назди Вазири корҳои дохилӣ оид ба ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, санаи 24-уми майи соли равон дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки васеи роҳбарият, кормандони амалӣ, нозирони минтақавӣ, омȳзгорону курсантони Академия дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии «Сейферворлд» (Дунёи бехатар) конференсияи илми-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзȳи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа» баргузор гардид.
Кори конференсияро нахуст сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ифтитоҳ намуда иброз намуд, ки тайи чанд соли охир бо дастури Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи амалигардонии Стратегияи ислоҳоти милитсия корҳои зиёде ба анҷом расида шуда, ҳамкории милитсия бо ҷомеа тақвият ёфт. Созмонҳои ҷамъиятӣ баҳри амалигардонии Стратегия дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои назаррасро ба анҷом расониданд. Дар назди ШВКД-ҳои ҷумҳурӣ марказҳои ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ кушода шуд, аксари ҷавонон барои ҳамкорӣ бо милитсия ҷалб гардиданд. Бинобар ин конференсияи имрӯза бори дигар масоили мазкурро баррасӣ намуда, боварӣ дорем, ки баҳри тақвияти ҳамкории милитсия бо ҷомеа тавсияҳои мушаххасро пешниҳод ҳоҳад намуд.
Сипас, кори конференсияро модератор, муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Саидзода З.А. пеш бурд. Дар конференсия теъдоди зиёди маърӯзаҳо шунида шуд, бахусус маърӯзаи Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳодбек Алиёр доир ба механизми содагардонии дастрасии аҳолӣ бо милитсия, маърӯзаи мушовири созмони «Дунёи бехатар» Ҳалимов Нуралӣ дар бораи таҷрибаи созмони мазкур оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа, маърӯзаи сардори Коллеҷи милитсияи ВКД, н.и.ҳ. подполковники милитсия Умари Хайём Амиршо дар бораи вазъият ва дурнамои ҳамкории МКД бо ҷомеа, омȳзгори калони Академияи ВКД майори милитсия Нуриддинзода Суфӣ Нуриддин дар бораи мушкилоти татбиқи меъёрҳои Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар доираи ислоҳотӣ милитсия ва дигарон шуданида шуд.
Сипас, баъди маърӯзаҳо мукаламаи озоди иштирокчиёни конференсия бо олимону мутахассисон ва намояндагони созмони «Дунёи бехатар» баргузор гардид, ҳамчунин аз ҷониби аъзоёни Шȳрои ҷамъиятии ВКД пешниҳод гардид, ки баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ хуб мешуд, ки бо мутахассисони исломшинос дар шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ-тарғиботӣ гузаронида шавад. Дар ҷавоби ин сардори Академияи ВКД иброз намуд, ки дар асоси супориши Вазири корҳои дохилӣ омȳзгорони Академия дар ҳайати гуруҳи корӣ тули се сол мешавад, ки ба ин самт сафарбар гардидаанд.
Дар фарҷом кори конференсияро сардори Академияи ВКД ҷамъбаст намуда, ба созмондиҳандагони он ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар», Ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба ислоҳотӣ милитсия, маърӯзачиён ва иштирокчиёни конференсия изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки дар оянда низ Академияи ВКД омода аст, ки баҳри амалигардонии ислоҳоти милитсия тадбирҳои мушаххас андешад. Меҳмонону иштирокчиёни конференсия аз баргузории сатҳи баланди он изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Асламов Б., Убайдуллоев Ш., Сафарова С.