Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастаи Академияи ВКД дар мусобиқаи картингронӣ соҳиби ҷои аввал гардид

72

Рӯзи 21-уми майи соли равон аз ҷониби Клуби ҷумҳуриявии варзишӣ-техникии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар байни донишҷӯёни донишгоҳҳо ва донишкадаҳои олии шаҳри Душанбе ба муносибати «Рӯзи ҷавонон» мусобиқаи картингронӣ доир намуд. Дар ин мусобиқа дастаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати лейтенанти милитсия Дудиева Александра Олеговна ва курсанти курси якум милитсияи қаторӣ Шарифзода Барзу иштирок намуданд.
Сараввал сардори Клуби ҷумҳуриявии варзишӣ-техникии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа капитан Файзулло Асомиддинов доир ба омодагии ширкаткунандагон барои оғози чорабинӣ гузориш дод.
Сипас роҳбари дастгоҳи раиси Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Илҳом Мирзоев ва сардори Раёсати рушди варзиши техникӣ ва ҳарбӣ-амалии Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Абдумумин Давлатов суханронӣ намуда, моҳияти ин қабил тадбирандешиҳоро шарҳу тавзеҳ доданд ва иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати «Рӯзи ҷавонон» табрик гуфтанд.

73

Тибқи низомномаи баргузории мусобиқа нахустин даври санҷишӣ ва баъдан даври ҳисобӣ сурат гирифт.
Аз рӯи ҳисоби даставӣ мақоми аввалро дастаи Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, мақоми дуюмро дастаи Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ва мақоми сеюмро дастаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71-и шаҳри Душанбе соҳиб гардиданд.
Fолибон бо ҷом, медал, диплом ва тӯҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ карда шуданд.
Саида Сафарова

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...