Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тамошои дастаҷамъонаи филми бадеии «Сайёра ранг иваз мекунад»

69

Рӯзи 20-уми майи соли равон дар Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошои дастаҷамъонаи филми бадеии «Сайёра ранг иваз мекунад» аз ҷониби роҳбарият ва ҳайати профессорону омȳзгорон баргузор гардид. 

Таҳиягари ин филм Бахтиёр Каримов буда, аз ҳаёти муборизаи зани тоҷик барои адолати иҷтимоӣ, алайҳи фасод ва ноҷурии ҳаёти иҷтимоӣ, ишқи поки беолоиши ҷавонон ҳикоят мекунад. Нақшҳои асосиро дар филм Қурбон Собир ва Тахмина Раҷабова бозида, аз аввал то охири филм муборизаи некӣ ва бадиро ба тамошобин пешниҳод менамоянд. Филм дар жанри мелодраммаи криминалӣ дар табиати зебоманзари кишварамон ба навор гирифта шуда, дорои лаҳзаҳои зиёди тарбиявӣ мебошад.

70

Зани ҷасур ва шуҷоъ Сайёра аз аввал то охири филм барои бахти худ мубориза бурда олами ҷиноятиро бовар мекунонад, ки адолат оқибат аз болои ҷинояткориӣ ғалаба менамояд. Филм дорои бисёр лаҳзаҳои риққатовар буда дили тамошобинро тасхир менамояд. Тазаккур бояд дод, ки солҳои охир бо дастури Пешвои муаззами миллат мазмуну мундариҷаи филмҳои ватанӣ баланд гардида, мухлисони зиёдеро пайдо намудаанд. Филми мазкур намунае аз онҳо мебошад.
Дар фарҷоми филм вохӯрии қаҳрамони асосии филм, ки Қурбон Собир мебошад, бо ҳайати профессорон ва омȳзгорон баргузор гардид. Ӯ дар бораи бо заҳматҳои зиёд ба навор гирифтани филм ҳикоят намуд. Роҳбарон ва омȳзгорони Академияи ВКД дар вохȳрӣ баромад карда ба таҳиягарони филм, бахусус ба Қурбон Собир барои пешниҳоди ин филми тамошобоб изҳори миннатдорӣ намуданд.

71

Дар доираи дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ оид ба тақвият бахшидани корҳои тарбиявӣ мунтазам бо курсантон ва омȳзгорони Академияи ВКД намоишномаҳои театрӣ ва синамои тоҷик пешниҳод мегарданд, ки дорои аҳамияти калони тарбиявӣ мебошанд.
Асламов Б., Убайдуллоев Ш., Сафарова С.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...