Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими хатми курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

65

Аз санаи 6-ум то 17-уми майи соли 2019 дар заминаи кафедраи такмили ихтисоси факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти фаъолияти мубориза бар зидди контрабанда ва муомилоти ғайриқонунии металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба дарс фаро гирифта шуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки мувофиқи нақшаи тасдиқгардида, барои гузаронидани дарсҳо дар курси такмили ихтисос мутахассисони варзидаи соҳа дар ин самт ҷалб карда шуданд.

6667

Санаи 18-уми майи соли 2019 бо иштироки муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қисми низомӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Ализода А.Ш. маросими тантанавии супоридани шаҳодатномаҳо ба хатмкунандагони курси такмили ихтисос баргузор гардид.
Муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Ализода А.Ш. зимни супоридани шаҳодатномаҳо хатмкунандагонро бо ин муносибат табрик гуфта, ба онҳо дар кори амалӣ комёбиҳо таманно намуд.
Ҳалимзода Д.Д.
Сафаров О.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...