Ҷавонони соҳибистиқлол қувваи пешбарандаи ҷомеа
Рӯзи 17-уми майи соли равон дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Шӯрои ҷавонони Академия, мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҷавонони соҳибистиқлол қувваи пешбарандаи ҷомеа» бахшида ба муносибати «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон», 23-уми май ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур донишҷӯёни Донишгоҳу Донишкадаҳои кишвар, аъзоёни гурӯҳи ҷавонони «Авангард» ва курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд. Пеш аз оғози мизи мудаввар шахсони масъули Академия иштирокчиёнро сараввал аз шароиту фаъолияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуданд.
Дар рафти мизи мудаввар ҳар як иштирокчӣ бо маърӯзаҳои худ баромад намуда, оиди пешравии ҷавонон ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат дар самти ҷавонон фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба меҳмонон ва курсантоне, ки дар чорабинии мазкур иштирок доштанд аз ҷониби сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., Сипоснома тақдим карда шуд.
Мардонов С.Р., Сафарова С.Н.