Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таасуроти шунавандагон ва курсантон аз намоишномаи театрӣ

60

Дар Академияи ВКД дар баробари ба курсантон ва шунавандагон омӯзонидани барномаи таълимӣ анъанае роиҷ аст, ки зимни ҳар давраи хониш ба тамошои осорхона, сайругашти мавзеъҳои таърихӣ, боғу гулгаштҳои навбунёд ё иншоотҳои дар замони истиқлолият бунёдгардида ҷалб намуда, ҷаҳонбинӣ ва маърифати фарҳангии онҳоро баланд мебардоранд.
Бо дастуру супориши сардори Академияи ВКД Чумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, санаи 17-уми майи соли ҷорӣ шунавандагони факултети №3, курсантони курси 1-ум ва ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД бо роҳбарии сардори шуъбаи кадрҳо полковники милитсия Абдуллозода А.Ё., сардори факултети №3 номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия Амрудинзода М. А. ба Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ рафта, мазҳакаи «Дузди боинсоф» - и драманависи итолёвӣ, Лауреати мукофоти Нобелӣ Дарио Фо, ки онро коргардони ҷавон Алимов Сомон таҳия намудааст тамошо намуданд. Намоишномаи театрӣ доғу найрангҳои зиндагиро дар худ таҷассум намуда, мавзӯи нафс ва фиреб ва оқибатҳои ногувори он таҷрибаи талхи ҳаётӣ маҳсуб меёбад, ки дар хислати персонажҳо хело зинда иникос гардид.

6162

Ҷоиз ба таъкид аст, ки намоишномаи «Дузди боинсоф»-ро ҳунарманди тоҷик Ҷумъа Қуддус ба муҳити тоҷикона муофиқ намуда ба саҳна гузоштааст. Ва ҳунармандони Театри давлатии академӣ-драмавии ба А. Лоҳутӣ образҳои мазҳакаро бо маҳорати баланд, таъсирбахш иҷро намуданд.
Саида Сафарова, Шавкат Убайдуллоев

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...