Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии судманд бо кормандони Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ

58

Рӯзи 17-уми майи соли равон бо мақсади иҷрои дастури Вазорати маориф ва илм бахшида ба истиқболи «25-солагии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сардори кафедраи фанҳои ҳарбӣ-хизматии факултети №4 Академияи ВКД, полковники милитсия Собиров И.Ғ., устодони кафедра - лейтенантони милитсия Ҷабборов Т., Бекназарзода Н., сержанти милитсия Аҳмадзода Х. ва курсантони курси 1-уми гурӯҳи «ҳайати фармондеҳӣ» ба Раёсати қушунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар вилояти Суғд ташриф оварданд.

57

Дар оғози ин вохӯрӣ, муовини сардори РҚС КДАМ Тоҷикистон дар вилояти Суғд полковник Валиев Ф.М. бо устодон ва курсантон ҳамсӯҳбат шуд. Зимни сӯҳбат, роҷеъ ба таърихи ҷавони қӯшунҳои сарҳадӣ истода иброз намуд, ки таъсисёбии қӯшунҳои сарҳадӣ дар таърихи навини давлатдории Тоҷикистон на танҳо омили муҳими таъмини бақову пойдории давлатдории миллӣ, ҳифзи амнияти ҷомеа ва ҳимояи сарҳадот мебошад, балки нишонаи возеҳи истиқлолияти комили сиёсии давлати тоҷикон маҳсуб меёбад. Ба таъкиди коршиносон бинобар сабабҳои маълум Тоҷикистон баъди пошхӯрии собиқ давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳиссаи меросии худ ба аслиҳаву техникаи ҳарбӣ, заминаҳои моддиву техникӣ, инчунин инфрасохтори низомӣ бенасиб монд ва дар давраи хеле ҳассос ва басо мушкил амалан дар ҷойи холӣ, яъне бидуни таҳкурсии зарурию моддиву техникӣ нахуст Артиши миллӣ ва баъдан Қӯшунҳои сарҳадӣ таъсис дода шуд. Таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайваста ва ғамхорҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин мӯҳлати начандон тӯлонии таърих имконият фароҳам овард, ки ҷуъзу томҳои сарҳадбонии мамлакат пуриқтидору мукаммал гардида, дар ҳифзи марзу буми ватани аҷдодӣ садоқатмандӣ ва шуҷоатӣ бемисл нишон диҳад. Марзбонони тоҷик ҳамеша амиқан дарк мекунанд, ки пешгирӣ кардани зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, ки маҳз таввасути сарҳад ба амал меояд, яке аз роҳҳои таъмини зиндагии осоиштаи мардуми кишвар ва минтақа мебошад. Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат аз ибтидоӣ таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ то имрӯз ҷиҳати фароҳам овардани заминаҳои муосири меъёрии-ҳуқуқӣ, таҳкими асосҳои моддиву техникӣ, бунёду навсозӣ ва таҷҳизонидани инфрасохтори сарҳадӣ, инчунин омодасозии мутаххасисони баландихтисоси касбии соҳа тадбирҳои зиёдро амалӣ намуд.

59

Баъд аз ин таҳти роҳбарии афсарони бо маҳорату пуртаҷрибаи қисми ҳарбӣ, сардори хадамоти тиббии РҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд подполковники хизмати тиббӣ Мирзоев Н. ва командири ротаи ҳифзу таъминот майор Суфиев А. аз тарзи зисти сарбозон ва реҷаи фаъолияти ҳаррӯзаи онҳо шинос шуданд. Дар ин ҷода аз ҷойи хоб, ошхонаи сарбозон, ҷойи истроҳат, хонаи маишӣ, анбор барои нигоҳ доштани сарулибосҳо мутобиқи фасли сол ва хонаи роҳбаладӣ, ки ба талабот имрӯза ҷавобгӯй мебошад, дидан намуданд.

Сипас курсантон дар толори маҷлисгоҳ бо афсарон нишаст намуда, ба саволҳои худ доир ба таърих, фаъолият ва тартиби хизмат дар Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоби мушаххас гирифтанд.

Дар давоми вохӯрӣ дар майдончаи сафороӣ курсантон аз таъинот ҳолномаи ҷангӣ, ба қисмҳои нопурра ҷудо ва пайваст намудани силоҳҳои оташфишонӣ ҷангии ҳозиразамон ва тактикаи пешбурди фаъолияти ҷангии марзбонон дар вақти вайрон намудани қоидаи сарҳад аз ҷониби ашхоси ҷиноятпеша шинос шуданд. Кормандони пуртаҷриба курсантонро бо риояи қоидаҳои бехатарӣ дар вакти истифодаи силоҳ ва нозукихои он дар вақти муомила аз наздик шинос намуданд.

56

Ба курсантон ин вохӯрӣ ва нишаст бо хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои сарҳадӣ хотирмон гашт.
Роҳбарияти факултети №4 ба роҳбарияти РҚС КДАМ Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои ташкил ва гузаронидани ин вохӯрии судманд, изҳори миннатдорӣ намуданд.

Ҳайдарзода Ф., сардори кабинети кафедраи фанҳои ҳарбӣ-хизматӣ, лейтенанти калони милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...