Доир гардидани он-лайн конференсияи байналмилалӣ
Мутобиқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фаъолияти илмӣ байни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш.Ростови лаби Дон, ки дар соли 2017 ба имзо расидааст, рӯзи 16-уми майи соли ҷорӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами татбиқкунии қонунгузории ҷиноятӣ» дар режими он-лайн баргузор гардид.
Бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш.Ростови лаби Дон (оид ба корҳои илмӣ), номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Сергей Валериевич Пахомов баромад намуда, барои ҳамкории таъсирбахш ба роҳбарияти Академияи ВКД арзи сипос намуд.
Дар он-лайн конференсия мутахассисон ва олимони Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш.Ростови лаби Дон, Академияи ҳуқуқ ва идоракунии Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Россия, Академияи гумруки Россия, Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш. Орёл, Академияи Кумитаи тафтишотии Россия дар ш.Санкт-Петербург филилали Донишгоҳи ҳуқуқшиносии ВКД Россияи Краснодарбуда дар Қрим ва дигарон иштирок намуданд.
Аз номи Академияи ВКД дар кори он-лайн конференсия котиби Шӯрои олимони Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Ф.М.Хайров бо маърӯза дар мавзӯи “Таҳлили муқоисавии аломатҳои субъекти махсуси ҷиноятҳое, ки ба гардиши ғайриқонунии прекурсорҳо вобастаанд дар қонунгузориҳои ҷиноятии Россия ва Тоҷикистон” баромад намуд.
Баъд аз анҷоми маърӯзаҳо аз тарафи олимони Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш.Ростови лаби Дон ба маърӯзачӣ оид ба воситаҳои нашъадор ва прекурсорҳо, инчунин дигар саволҳо вобаста ба сиёсати ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
Дар кори конференсия инчунин дигар омӯзгорону мутахассисони Академияи ВКД ширкат варзиданд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон