Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузор гардидани боз як он-лайн семинари илмии байналмилалӣ

51

Дар ҷодаи ҳамкориҳои дутарафа ва мувофиқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фаъолияти илмӣ байни Донишкадаи Сибирии ВКД Россия дар шаҳри Красноярск ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 15-уми майи соли 2019 мутахассисони Академияи ВКД дар он-лайн семинари илмӣ-байналмилалӣ дар мавзӯи «Чораҳои маъмурӣ-ҳуқуқии гирифторони бемории нашъамандие, ки ҳуқуқвайронкунии маъмуриро содир намудаанд ба табобат аз нашъамандӣ, инчунин барои барқарорсозии тиббӣ ва иҷтимоӣ водор месозанд», ки дар ш.Красноярск баргузор гардид, иштирок намуданд. 

52

Семинари мазкур бо истифода аз барномаи интернетии «Скайп» баргузор гардид.
Бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори Донишкадаи Сибирии ВКД Россия дар шаҳри Красноярск (оид ба корҳои илмӣ), доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент, полковники политсия Николай Николаевич Тсуканов баромад намуд. Инчунин, дар семинари илмӣ мутахассисони соҳаи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ аз Академияи ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон ба номи Ш.Қобилбоеви шаҳри Костонай бо маърӯзаҳо иштирок намуданд.
Дар он-лайн семинар сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Нуралиев С.Ш. бо маърӯза дар мавзӯи «Чораҳои маъмурӣ-ҳуқуқии ташкили фаъолияти мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба огоҳӣ ва пешгирии нашъамандӣ» баромад намуд.
Баъд аз анҷоми маърӯза аз тарафи олимони Донишкадаи Сибирии ВКД Россия дар ш.Красноярск ва дигар иштирокчиёни семинар ба маърӯзачӣ оид ба таҷрибаи ватанӣ вобаста ба хусусиятҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки аз тарафи беморони нашъамандӣ содир мешаванд, саволҳо пешниҳод шуда гардиданд.
Каримова Л.М.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...