Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машғулияти амалӣ аз фанни «Тактикаи тайёрии махсус» дар қисми ҳарбии 3501

49

Бо дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковники милитсия Раҳизода Р.Ҳ. оид ба баланд бардоштани савияи дониши назариявӣ ва амалии курсантони факулети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони пуртаҷрибаи амалияи Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди тадриси дарсҳо ба роҳ монда шудааст.

Санаи 15-уми майи соли равон бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани маҳорати малакаи касбӣ ва дониши курсантон дар асоси иҷрои нақшаи чорабиниҳои таълимӣ-тарбиявӣ бо роҳбарии устодони кафедраи фанҳои ҳарбӣ-хизматӣ, подполковники милитсия Исмоилзода О., капитани милитсия Ғоибназарзода П., лейтенантони милитсия Ҷабборов Т., Бекназарзода Н. ва курсантони курси 3-юми гурӯҳи «ҳуқуқшиносӣ» ба қисми ҳарбии 3501 Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани машғулияти амалӣ аз фанни «Тактикаи тайёрии махсус» ташриф оварданд.

Дар оғози машғулияти амалӣ, дар майдони сафороӣ, командири қисми ҳарбии 3501 полковник Ализода Б.Ҳ. бо устодон ва курсантон ҳамсӯҳбат шуданд. Зимни ин сӯҳбат, роҷеъ ба фаъолияти ҳамарӯзаи ҳарбӣ-хизматӣ, тартибу низоми қисми ҳарбӣ ва ҳиссагузории ҳайати шахсии хизматчиёни ҳарбӣ баҳри ободонии қаламравӣ ин қисми ҳарбӣ маълумотҳои мушаххас доданд. Дар ин раванд, бомаврид таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд гардид, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ватанамон мактаби обутоби ҳаёт мебошад. Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд. Ба ин мақсад ҳамаҷониба омӯхтани таърихи халқи тоҷик, ифтихор аз он ва гузаштагони шарафманди хеш – қаҳрамонони миллии халқамон ва дигар фарзандони сарсупурдаи миллат бисёр муҳим мебошад.
Баъд аз ин таҳти роҳбарии афсарони бомаҳорату пуртаҷрибаи қисми ҳарбӣ ва устодони факултет курсантон сараввал дар синфхонаҳои таълимӣ ва баъдан дар майдончаи сафороии қисми ҳарбӣ ба талабот ҷавобгӯй машғулиятҳои амалии хешро гузарониданд. Дар раванди ин машғулияти амалӣ курсантон аз истифодаи намудҳои гуногуни мошинҳои ҷангии пиёданизом, воситаҳои махсус, силоҳҳои ҷангии ҳозиразамон ва тактикаи пешбурди фаъолияти ҳарбӣ-хизматии хизматчиёни ҳарбӣ дар вақти пешгирӣ ва парокандасозии бетартибиҳои оммавӣ ва озод намудани гаравгонон аз ҷониби ашхоси силоҳбадаст шинос шуданд.
Дар раванди машғулият курсантон роҷеъ ба саволҳои пешниҳоднамудаи худ доир ба ин масъалаҳо ҷавобҳои пурра ва мушаххас гирифтанд. Қайд намудан бомаврид аст, ки дар раванди машғулияти амалӣ курсантон милитсияҳои қаторӣ Якубов Ш., Мирзоев М., Аюбов М., Адолатов О., Каримов Д. ва Адолбахтов С., хеле фаъолона иштирок намуданд.

50

Ташкил ва гузаронидани ин машғулият ба курсантони самти равияи «ҳуқуқшиносон», хеле хотирмон гашт, зеро ин аввалин шиносоии онҳо бо хизматчиёни ин қисми ҳарбӣ буд.
Роҳбарияти факултети №4 ба командири қисми ҳарбии 3501 РҚД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои амалии навбатӣ миннатдорӣ изҳор намуданд.

Собиров И.Ғ. - и.в. сардори кафедраи фанҳои ҳарбӣ-хизматӣ, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...