Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими хатми шунавандагони факултети №3 Академияи ВКД

48

Рӯзи 14-уми майи соли равон дар толори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими хатми шунавандагони факултети №3 баргузор гардид.
Дар ин чорабинии бошукӯҳ, ки бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич, роҳбарият ва ҳайати омӯзгорони Академияи ВКД баргузор гардид, факултети №3-и ин даргоҳи илмро 256 нафар шунавандагон хатм намуданд. 
Тавре муовини Вазири корҳои дохилӣ Навҷувонов Абдулло Шанбиевич изҳор намуд, роҳбарияти Ҳукумати кишвар ва Вазорати корҳои дохилӣ имрӯзҳо ба сатҳу сифати дониш ва малакаи баланди касбии кормандон диққати махсус зоҳир менамоянд. 
Ҳамчунин, мавсуф дар идомаи суханронии худ доир ба масоили марбут ба фароҳам овардани шароити мусоиди кору таҳсил барои ҷавонон, аз ҷумла барои шунавандагону курсантони Академияи ВКД ибрози назар намуда, аз хатмкунандагони факултети №3 даъват ба амал овард, ки дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ва ВКД ҳангоми фаъолияти хизматӣ бурдан дар иҷрои вазифаву уҳдадориҳояшон ҳамеша содиқ ба касб ва Ватан будани худро нишон диҳанд.

306307308

Мавриди зикр аст, ки дар маросими мазкур ба 215 нафар хатмкунандагон бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва ба 41 нафар бо ихтисоси муҳандиси бехатарӣ аз сӯхтор диплому нишонҳои сарисинагӣ супорида шуданд. 
Шавкат Убайдуллоев, Саида Сафарова.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...