Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барномаи консертии «Сипари тиллоӣ»

44

Рӯзи 11-уми майи соли 2019 дар Амфитеатри боғи фарҳангу фароғатии ба номи А.Фирдавсии шаҳри Душанбе, консерти калони оркестри нафасии «Сипари тиллоӣ»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти унвони «Даъвати роҳ» баргузор гардид.
Дар барномаи консертӣ ҳайати омӯзгорону курсантони Академияи Вазораи корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.
Барномаи консертӣ бо садо додани Сурудҳои миллии ҳар ду кишвар оғоз гардида, дар рафти он якчанд мусиқиҳои сурудҳои тоҷикӣ аз ҷониби навозандагони оркестри «Сипари тиллоӣ» бо ҳунари баланди бадеӣ навохта шуда, диққати тамошобинонро ба худ ҷалб намуд.

4546

Чунин як барномаи консертӣ писанди ҳозирин гардида, дергоҳ дар лавҳи хотирҳо нақш хоҳад баст.
Шавкат Убайдуллоев, Саида Сафарова.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...