Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дарси намунавии сардори Академияи ВКД дар курсҳои такмили ихтисоси кормандони ҳифзи ҳуқуқ

42

Дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар заминаи кафедраи такмили ихтисоси факултети №3 Академияи ВКДҶумҳурииТоҷикистон аз санаи 6-ум то 17-уми майи соли 2019 курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисоси кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъолияти мубориза бар зидди контрабанда ва муомилоти ғайриқонунии металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо ташкил карда гузаронида шуд.
Ба курси мазкур 24 нафар шунавандагон аз Агентии назорати давлатии молиявии мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кофтуковии ҷиноятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, Раёсати мубориза бар зидди ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дарсҳои назариявӣ ва амалӣ фаро гирифта шудаанд.

43

Санаи 13-уми майи соли 2019 аз ҷониби сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. дарси намунавӣ дар мавзӯи «Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва намудҳои он; Асосҳо ва шартҳои гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» гузаронида шуд.
Шунавандагони курсҳои такмили ихтисос бо рӯҳияи баланд аз роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони Академия барои ташкили чунин курсҳои муфид изҳори миннатдорӣ намуданд.
Ҳалимзода Д.Д., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...