Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз қасри фарҳангии “Арбоб”

36

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши курсантон, васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо ва бедор намудани ҳисси баланди ватандӯстӣ санаи 10-уми майи соли равон бо роҳбарии кураторони гурӯҳҳои таълими воҳиди низомии 201, 202 ва 204-и факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия Ҷабборова М.Т., подполковники милитсия Муқимзода М.А. ва майори милитсия Бобокалонов Б. ба қасри фарҳангии “Арбоб”, ки яке аз қасрҳои бошукӯҳи фарҳангиву санъатӣ ва хоссаи меъморию тасвирии вилояти Суғд ба шумор меравад, барои шиносоӣ рафтанд.
Қасри бошукӯҳ дар арафаи 40-солагии Октябри Кабир рӯзи 6-уми ноябри соли 1957 пурра ба истифода дода шудааст. Аз рӯйи лоиҳа ба сохтмону ҷиҳозонидани қасри маданият камаш 50 миллион сум сарф мешуд, аммо аз сабаби он, ки қасрро асосан худи калхозчиён бо усули ҳашар сохтаанд, ба он ҳамагӣ 12 миллион сум масраф гардид, ки тамоми сохтмони ин иморати баланд бе кранҳои борбардор ва умуман бе ёрдами техникаи ҳозиразамон, балки бо усули халқӣ сохта шудаанд. Як ҷузъи пайвастаи қасри фарҳангӣ, фаввораҳои саҳни берунии он мебошад. Фавораҳо ба ҳусни қаср ҳусн зам мекунанд. Бояд қайд кард, ки дар қатори иншоотҳои пурмӯҳташами меъмории асри бисти тоҷик, қасри маданияти хоҷагии ҷамоавии ба номи 2 карат Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаевро ном мегиранд.

37

Номи қаср бо шарофати дар он баргузор гардидани иҷлосияи XVI-уми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вирди забонҳо гашта, имрӯз аз ҳар вақта бештар таваҷҷӯҳи халқро сазовор гаштааст.
Бояд зикр кард, ки курсантон бо ин мавзеи таърихӣ бо як ҳисси баланди худшиносиву хештаншиносӣ бо таъриху фарҳанги миллату кишвари худ шиносоӣ пайдо намуданд.
Ғафури Дилноза, курсанти курси 2, гурӯҳи 201, милитсияи қаторӣ

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...