Таҷлили Рӯзи Ғалаба дар факултети №4 Академияи ВКД
Рӯзи 8-уми майи соли 2019 дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона доир ба 9 май «Рӯзи ғалаба» баргузор гардид.
Ҳадафи асоси гузаронидани ин чорабинӣ дар он аст, ки ҳар сол дар ин рӯзҳои фархундаю фаромушношуданӣ, ки мардони диловари Ватан алайҳи душманони ғаддор -фашистони Олмон ҷангида, парчами пирӯзиро партавфишон намуданд, ҷашн гирифта мешавад.
Сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ полковники милитсия Насуриён Пӯлод Асадулло сараввал аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ёдовар шуданд: «Мову Шумо фаромӯш насозем, ки падару бобоҳои мо мушкилиҳои зиёдро аз сар гузаронида, шабу рӯз меҳнат намудаанд, ба сардию гуруснагӣ тоқат кардаанд, вале манфиати Ватану миллати худро аз ҳама боло дониста, кору пайкорҳои созандагиро пеш гирифтанд», дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар айён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст. Бо гузашти солҳо ин ҳама мардонагию диловарӣ ва ҷасорату матонати қаҳрамононаи тоҷикон вирди забонҳо гаштаву дар осори бузурги ҷаҳон бо зеботарин тасвиру тавсиф инъикос ёфтаанд. Баъдан роҳбари факултет, полковники милитсия Насуриён П.А., ҳамаи устодону курсантонро бо иди Рӯзи Ғалаба табрик карда таъкид намуд, ки эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии падару бобоҳои мо имрӯз барои мову Шумо, ки истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизамонро ҳадафи хеш қарор диҳем, ки намунаи ибрат ва сабақ гардад. Шумо ҷавонони ин даргоҳи илму маърифат ҳамеша пешсаф бошед, дар таҳким ва волоияти қонун, дар рӯҳияи ватанпарастӣ, хештаншиносӣ хизмат ба Ватан ва Президенти худ кӯшиш ба харҷ диҳед.
Сипас аз тарафи муаллимаи кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, лейтенанти калони милитсия Баҳодурзода М., маърӯза доир ба «Саҳми Тоҷикистониён дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ», ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷавонписарони тоҷикистонӣ, Ҳодӣ Кенҷаев, Исмоил Ҳамзаалиев, Саидқул Турдиев, Домулло Азизов, Ҳайдар Қосимов ва дигарон дар тамоми амалиётҳои ҷангӣ, аз мудофиаи қаҳрамононаи қалъаи Брест сар карда, то забти пойтахти фашистони Олмон – шаҳри Берлин иштирок намудаанд ва дар ғалабаи умумии мардуми Шӯравӣ аз болои Олмони фашистӣ ҳиссаи арзандаи худро гузоштаанд, баромад намуд.
Дар анҷоми чорабинии идона аз тарафи курсантон барномаи театрикунонидашуда доир ба «Рӯзи Ғалаба» намоиш дода шуд.
Баҳодурзода М., муаллимаи кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, лейтенанти калони милитсия.