Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешсафии футболбозони факултети №4 Академияи ВКД дар мусобиқаҳои варзишӣ

311

Тибқи нақша оид ба гузаронидани чорабиниҳои варзишию солимгардонӣ ва фарҳангию фароғатии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти шиори «Варзиш барои ҳайёти солим ва зидди нашъамандӣ», ҳамзамон вобаста ба иҷрои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олӣ, талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо ташаббуси бевоситаи Вазорати корҳои дохилӣ, Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд ва Ҳизби халқӣ демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни ҷавонон ва наврасони вилояти Суғд санаҳои 6-7-уми майи соли 2019 мусобиқаҳои варзишӣ ташкил ва гузаронида шуд.

312

Дар мусобиқаҳои мазкур курсантони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, дар намуди «Футболи хурд» байни дастаҳои ҷавонону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд ҷойи аввалро ишғол намуда, чемпиони мутлақ гардиданд.
Аз тарафи масъулони мусобиқаҳои мазкур дастаи футболбозони факултети №4 дар вазъияти тантанавӣ бо Ҷом ва Ифтихорномаҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
Муҳаммадиев Н.Б., сардори кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети №4 Академияи ВКД, полковники милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...