Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хусусиятҳои хоси тайёр намудани кадрҳои баланихтисос дар ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

39Дар маросими тантанавии ба истифода додани бинои нави таълимии Академияи ВКД Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш санаи 30-юми августи соли 2017 қайд намуданд: «Низоми муосири таълим, ки хоси даврони истиклолият мебошад, барои баланд бардоштани сифати таълим ва бедор кардани завку ҳаваси хонандагон ба донишомӯзӣ мусоидат менамоянд».

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолият маорифро самти афзолиятноки сиёсати давлатӣ шуморида, соли 2010-умро соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон намуда буд. Як қатор санадҳои муҳиме аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, ки дар низоми таълими Вазорати корҳои дохилӣ низ пурра амалӣ карда мешаванд.
Аз қабили «Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми ноябри соли 2006, №484 тасдиқ шудааст), Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми ноябри соли 2007, №529 тасдиқ шудааст), Низомномаи мутахассис (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2007, №650 тасдиқ шудааст), Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми майи соли 2002, №200 тасдиқ шудааст).
Низомномаи намунавии муассисаҳои маълумоти олии Тоҷикистон (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми феврали соли 1996, №71 тасдиқ карда шудааст).
Албатта ин шаҳодати он аст, ки таҳти ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои рушд ва инкишофи низоми таълими мақомоти корҳои дохилӣ барои тайёр намудани кадрҳо мунтазам ба назар расида, фаъолияти милитсия бо мутахассисони баландихтисос пурра таъмин карда мешавад.
Таълим ва тайёр намудани кадрҳо дар мақомоти корҳои доҳилӣ яке аз рукнҳои асосии тайёр намудани мутахассисон барои низоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба шумор меравад. Мақсадҳои стратегии маориф дар тайёр намудани кадрҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои доҳилӣ, Вазорати маорифи ҷумҳурӣ пешниҳод карда мешаванд, ки ба масъалаҳои зерини инкишофи ҷомеа вобастагии зич дорад:
- таъмини тараққиёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар, таъмини сифати баланди зиндагӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти миллӣ;
- намояндагӣ намудани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари соҳиби фарҳанг ва тамаддуни бойи таърихӣ, ҳамқадами ҷомеаи пешқадами ҷаҳонӣ;
- бунёди асосҳои инкишофи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маънавӣ;
Вазифаҳои асосии тайёр намудани кадрҳо дар низоми ВКД аз инҳо иборат аст:
- тарбияи ватандӯстонаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ширкати онҳо дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро эҳтиром гузошта, соҳиби маърифати баланд бошанд;
- инкишофи ҳаматарафаи курсантону шунавандагон, ташаккули малакаи худомӯзӣ ва худфаъолиятии шахс;
- ташаккули ҷаҳонфаҳмӣ ва ҷаҳонбинии илмии курсантон ва шунавандагон, инкишофи фарҳанги таҳаммулпазирӣ бо дигар халқҳо;
- таҷдиди бонизоми паҳлӯҳои маориф, инъикоскунандаи тағйиротҳо дар доираи фарҳанг, иқтисодиёт, илм, техника ва технология;
- мудом будани маълумот (таҳсилоти олии касбии баъди мактаби олӣ);
- намудҳои гуногуни муассисаҳои таълимӣ (Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази таълимии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази таълимии Хадамоти оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллеҷи оташнишонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази таълимии Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази таълимгоҳи тактикии (Марғоб)-и ВКД Ҷумҳурии Точикистон, Маркази муқовимат бар зидди экстремизм, терроризм ва сепаратизми ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Курсҳои Олии Академӣ ва такмили ихтисоси кормандони МКД (дар такягоҳи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон), таҳсил ва бозомӯзӣ дар кишварҳои ИДМ ва хориҷи кишвар);
- инкишофи анъанаҳои МКД дар таълим ва тайёр намудани кадрҳо, ҷалб ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ;
- тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои самтҳои фаъолияти МКД.
Ҳамин тариқ, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба масъалаи такмили раванди таълиму тарбия, ривоҷи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ тавҷҷуҳи хос зоҳир намуда, тамоми шароитҳоро барои тайёр намудани кадрҳо дар Вазорати корҳои дохилӣ муҳайё намуданд, ки дар байни низоми таълимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ беназир мебошад.
Асламов Б.С., ходими калони шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД, узви ИЖТ, полковники милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...