Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабиниҳо ба ифтихори Иди Ғалаба дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ

32

Дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Иди зафар 9-уми май, 74-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 чорабиниҳои зиёд: конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст», семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Дӯстии халқҳо омили ғалаба бар фашизм», мизи мудаввар дар мавзӯи «Помним! Гордимся! Живем!», викторинаҳо, маҳфилҳои илмии курсантон, барномаҳои фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардиданд. 

Семинари илмӣ-назариявие, ки бо иштироки собиқадорони Академияи ВКД ҶТ, устодон ва курсантону шунавандагон бахшида ба ин санаи хотирмон баргузор гардид, яке аз ин чорабиниҳост.

3536

Сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ бо сухани ифтитоҳӣ семинарро ҳусни оғоз бахшида, дар давоми суҳбат иброз намуд, ки эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии иштирокчиёни ҶБВ имрӯз барои мо, ки Истиқлолияти Ватани азизи хешро таҳким бахшидаем, созандагиву бунёдкорӣ ва ободиву оромии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, сабақ ва намунаи ибрат аст. 
Ба шарофати Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам омад, ки таърихи пуршарафи миллату давлати хешро хубтар омӯхта, ифтихори миллии худро тақвият бахшем, нагузорем, ки фазои ором ва сулҳу суботи Ватани биҳиштосои моро абрҳои сиёҳ тира созанд. Ҷангу ҷидол инсониятро ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасонад, балки боиси харобиву бадбахтиҳо мегардонад.

37

Барои насли имрӯзаи мо Иди Ғалаба на танҳо ба таври муқаддас пос доштани хотираи бобоён ва падаронамон, ки барои шараф ва номуси халқи диёрамон ҷони худро нисор намудаанд, балки санаест, ки ҳар яки моро водор месозад, ки муборизони ҳақиқии сулҳи пойдор байни халқҳои ҷаҳон бошем ва ба ҳаракати қувваҳои ҳангоматалабу ҷангхоҳ дар ҳар шакле, ки зоҳир нашавад, сари вақт хотима гузорем, зеро ҷанг дар таърихи инсоният ҳодисаи даҳшатнок ва нанговар ба шумор меравад. Ин аст, ки ҳар халқи соҳибтамаддун ва бофарҳанг бояд аз ҷангу ҷидол бипарҳезад ва бо маслиҳату андеша барои сулҳу салоҳ мубориза барад.
Азизаи Давлатшоҳ, Гул Маҳбуба

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...