Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибияти навбатии курсантон дар мусобиқаҳои варзишӣ

26

Дар партави иштироки фаъоли курсантони факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои варзишӣ, мусобиқаву спартакиадаҳое, ки дар миқёси вилояти Суғд ва берун аз он гузаронида мешаванд, курсантон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодаанд. Ёдрас аз он, ки бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, аз санаи 16-ум то 21-уми апрели соли 2019 дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд мусобиқаҳои варзишӣ (Спартакиада) байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд, бо мақсади интихоби варзишгарони беҳтарини вилояти Суғд барои иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ аз рӯи намудҳои «бокс», «гӯштини тарзи озод», «гӯштини миллӣ»,«гӯштини дзюдо», «воллейбол», «шоҳмот» ва «варзиши сабук», ташкил ва гузаронида шуда буд.

27

Курсантони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 7 намуди варзиш, фаъолона иштирок намуда, соҳиби 35 медал, ки аз он 8 медали тилло, 6 медали нуқра ва 21 медали биринҷӣ, гардида буданд.
Ҳамзамон курсантони факултети №4 Абдулбохтов Самир дар намуди гуштини миллӣ, Ҳусейнов Азизмуҳаммад дар намуди гуштини тарзи озод, Мирраҳимов Маҳмадшо дар намуди варзиши сабук ва Эшонқулова Мубина дар ду намуд: партофтани Диск ва Найза дар ин мусобиқаҳо чемпиони мутлақ гардида, барои иштирок дар мусобиқаҳои байнидонишгоҳии сатҳи ҷумҳуриявӣ имконият пайдо намуда буданд.
Бо кӯмак ва дастгирии бевоситаи сардори факултети №4, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А. курсантони номбаршуда барои иштирок дар мусобиқаҳои (Спартакиадаи) байнидонишгоҳии сатҳи ҷумҳуриявӣ сафарбар карда шуданд.
Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба варзиши сабук, ки санаҳои 3-5-уми майи соли 2019 дар ш.Душанбе баргузор гардид, курсанти факултети №4, милитсияи қаторӣ Эшонқулова Мубина дар ду намуди варзиш: партофтани найза ҷойи аввал ва дар партофтани ядро ҷойи 3-юмро ишғол намуда, соҳиби диплом ва медалҳо гардид. Дар ҳамин намуди мусобиқа курсанти курси 2-юм, милитсияи қаторӣ Мирраҳимов Маҳмадшоҳ соҳиби ҷойи 3-юм гардид.
Дар мусобиқаи варзишӣ дар намуди гуштини миллӣ, ки санаҳои 3-5-уми майи соли 2019 дар ноҳияи Данғара баргузор гардид, курсантони факултети №4, милитсияҳои қаторӣ Ҳусейнов Азизмуҳаммад дар вазни 100 кг ва Абдулбохтов Самир дар вазни 60 кг ҷойи 3-юмро ишғол намуда, соҳиби диплом ва медалҳо гардиданд.

28

Аз дастовардҳои ин варзишгарони факултет, ки аз ин пеш низ дар ҳамаи чорабиниҳои варзишии факултет фаъолона иштирок менамуданд, ҳайати кормандон ва омӯзгорон, инчунин ҳайати курсантони факултет шоду пирӯз буда, барои онҳо муваффақиятҳои нави варзишӣ ва комёбиҳои беназир таманно менамоянд.
Санаи 6-уми майи соли 2019 дар ҷамъомади пагоҳирӯзӣ сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А. ба ғолибони мусобиқаҳои варзишии байнидонишгоҳии сатҳи ҷумҳуриявӣ миннатдорӣ баён намуда, дар фазои тантанавӣ ба онҳо медал ва дипломҳоро супорид.
Муҳамадиев Н.Б., сардори кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети №4-и Академияи ВКД, полковники милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...