Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агар пурсанд аз ман “Чист аз ҷону бадан беҳтар?” Ватан беҳтар, Ватан беҳтар….

14

Рӯзи 3-юми майи соли ҷорӣ дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ мизи мудаввари Ҷамъияти илмии курсантон «Русское слово» бо иштироки курсантон ва профессорону омӯзгорон дар мавзӯи «Ёд дорем! Фахр мекунем!» баргузор гардид, ки ташкилкунандаи он кафедраи забонҳои факултети №2 ва шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр буданд.
Дар мизи мудаввар инчунин, сардори кафедраи факултети №1-и Академияи ВКД, номзади илмҳои таърих, генерал-майори милитсия Имомёрбеков А. баромад намуда, қайд кард, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ - 46 моҳу 13 рӯз, ё 1418 рӯз давом ёфта, рӯзи 8-уми майи соли 1945 Олмони фашистӣ ба ҳуҷҷати таслимшавӣ имзо гузошт.

1718

Рӯзи 9-уми май - Рӯзи Иди Ғалаба эълон гардида, анъанаи таърихӣ гардид. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар радифи шаҳрвандони 15 кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон 250 ҳазор ихтиёриён ба фронт рафта, барои таъмини Ғалаба бар фишизми гитлерӣ ҷонбозиҳо намуданд. Аз ин миқдор беш аз 90 ҳазор нафарашон ҷони худро аз даст дода, барои диловариҳои беназир 57 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуданд. Зиёда аз 20 ҳазор ҷанговарони тоҷик сазовори ордену медалҳо гардиданд. Аввалин ордени «Ленин»-ро тоҷикписар М.Иброҳимов барои нест кардани 6 танку 16 мошини зиреҳпӯш (БТР)-и душман соҳиб шуд. 60 нафари аскари тоҷик соҳиби унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» ва 15 нафар сазовори ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» гардиданд. Номҳои зиёди фиристодагони ҷумҳурӣ - Б.Искандаров, Р.Ҷалилов, М.Маҳкамов, А.Очилов, М.Холматов, Э.Рӯзиев, Р.Анваров, А.Сулаймонов ва бисёр дигарон дар саҳифаҳои муҳорибаҳои ин ҷанги бераҳмона сабт гардидаанд.
Дар чорабинӣ аз ҷониби курсантон шеърҳои Расул Ғамзатов, Константин Симонов, Валерий Миллер, Муъмин Қаноат қироат карда шуданд. Курсантон сурудҳои солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз ҷумла, «Катюша», «Смуглянка», ва «Два орла»-ро хонданд.

19

Дар охири мизи мудаввар иштирокчиён ба хулоса омаданд, ки Иди Зафаре, ки имрӯзҳо 74-умин солгарди он қайд карда мешавад, бар ивази ҷони супурдаи миллионҳо шаҳидони роҳи озодӣ ба даст омадааст ва дар дилҳо ҳамчун рамзи қаҳрамонӣ сабт гардидааст.
Хайати шахсӣ ва тағйирёбандаи Академияи ВКД тамоми мардуми Тоҷикистон ва кормандони милитсияро бо Иди Ғалаба табрик намуда, ба онҳо тансиҳатӣ ва рӯзгори хушу осуда таманно дорад. Бигузор Ғалабаи мазкур ба кирдорҳои хуб ва ҷасоратҳо илҳом бахшад.
Каримова Л.М., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...