Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ дар доираи ислоҳоти милитсия бо мактаббачагони ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара

11

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Академияи ВКД дар доираи ҳамкории милитсия бо ҷомеа ва Стратегияи ислоҳоти милитсия рӯзи 2-юми майи соли 2019 вохӯрии гурӯҳи корӣ аз Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара баргузор гардид.

12

Дар рафти вохӯрӣ аз тарафи муовини сардори факултети №4-и Академияи ВКД, оид ба таълим ва илм, н.и.ҳ., подполковники милитсия Ғафуров М.С., дотсенти кафедраи криминология ва психологияи факултети №2, майори милитсия Шарифзода В., муаллим-методисти калони қисми таълимии факултети №4, лейтенанти калони милитсия Султонзода Б.С. бо хонандагони синфҳои 9-11-и мактабҳои №24, №25, №27, №29, №58, ва №64-и ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, Сомониён, ва Сурх корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти экстримистию терористидошта, тадриси ғайрирасмии динӣ дар давлатҳои хориҷӣ ва даст назадан ба ҷинояткорӣ сӯҳбатҳо гузаронида шуд.
Ҳамчунин, дар рафти вохӯрӣ доир ба саҳми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо шаклҳои гуногуни ҷинояткорӣ, ки боиси халалдор гардидани ҳаёти осоиштаи сокинони кишвар, поймол намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мегарданд, қарор гирифта, дар таъмини тартибот дар байни ҷомеа нақши муассир доранд, шарҳ дода шуд.

13

Аз хатмкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки имрӯз барои таҳсил дар макотиби олии кишвар ҳамагуна шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар донишгоҳҳои олии кишвар дар самти тайёр намудани мутахассисони баландпоя дар соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дарҳои худро барои Шумо ҷавонон боз намудааст, ки тибқи талаботҳои худ барои таҳсил довталабонро қабул менамояд.
Дар байни хонандагон ва ҳайати гурӯҳ саволу ҷавоб доир ба тартиби қабул ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Султонзода Б.С., муаллим-методисти калони қисми таълими факултети №4, лейтенанти калони милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...