Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъбасти натиҷаҳои Спартакидаи вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд

05

Масъалаи беҳдошти саломатии ҷавонон ва рӯ овардани онҳо ба варзиш яке аз ҳадафҳои аслии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бисёре аз суханрониҳои хеш вобаста ба аз худ намудани илму дониш, машғул шудан ба варзиш ва пешгирии амалҳои номатлуб дар байни наврасону ҷавонон иброз медорад, ки рӯй овардан ба варзиш асоси беҳдошти солимии ҷомеа мебошад.

06

Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар асоси фармоиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 16-ум то 21-уми апрели соли 2019 дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд мусобиқаҳои варзишӣ (Спартакиада) байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Суғд, бо мақсади интихоби варзишгарони вилояти Суғд барои иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ аз рӯи намудҳои «бокс», «гӯштини тарзи озод», «гӯштини миллӣ»,«гӯштини дзюдо», «воллейбол», «шоҳмот» ва «варзиши сабук», ташкил ва гузаронида шуд.
Дар мусобиқаи мазкур 59 нафар курсантони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намуданд.
Курсантони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 7 намуди варзиш, фаъолона иштирок намуда, соҳиби 35 медал, аз он ҷумла 8 медали тилло, 6 медали нуқра ва 21 медали биринҷӣ гардиданд.
Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба бокс 4 нафар курсантон ғолиби мусобиқа гаштанд. Курсанти курси 4-ум, сержанти хурди милитсия Давлатов Муродҷон дар вазни 81 кг ва курсанти курси 2-юм, сержанти хурди милитсия Назаров Бахтовар дар вазни +91 кг, ҷойи аввалро ишғол намуда, соҳиби медали тилло гардиданд.

07

Курсантони курси 3-юм, милитсияҳои қаторӣ Тешаев Бахтиёр дар вазни 75 кг ва Аҳмадов Аҳмадҷон дар вазни 91 кг ҷойи 2-юмро ишғол намуда, соҳиби медали нуқра ва курсанти курси 1-ум, милитсияи қаторӣ Ҳайдаров Аслиддин дар вазни 75 кг ҷойи 3-юмро ишғол намуда, соҳиби медали биринҷӣ, гардиданд.
Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба варзиши сабук 17 нафар курсантони факултет ғолиб омаданд: Курсантони курси 2-ум, милитсияҳои қаторӣ Мирраҳимов Муҳаммадшо ва Эшонқулова Мубина дар партофтани лаълича ва партофтани ядро ҷойи 1- умро ишғол намуда, соҳиби 3 медали тилло гардиданд. Курсанти курси 2-юм, милитсияи қаторӣ Мелибоев Ҷамшед дар намуди давидан ба масофаи 200 метр ҷойи 2-юмро ишғол намуда, соҳиби медали нуқра гардид. Инчунин 13 нафар курсантон дар намудҳои гуногуни ин намуди варзиш ҷойи 3-юмро ишғол намуда, соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.
Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба гӯштини тарзи дзюдо 6 нафар курсантони факултет ғолиб омаданд. Курсанти курси 1-ум, милитсияи қаторӣ Давлатзода Абурайҳон дар вазни 60 кг ҷойи якумро ишғол намуда, соҳиби медали тилло гардид. Курсантон Абдуллоев Абдулло, Иноятов Ҳаким, Муриватзода Маъруф, Қурбонов Лоиқ ва Сайфиддинов Аслиддин дар вазнҳои гуногун ҷойи 3-юмро ишғол намуда, соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.
Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба гӯштини тарзи миллӣ 4 нафар курсантони факултет ғолиб омаданд. Курсанти курси 3-юм, милитсияи қаторӣ Абдолбахтов Самир дар вазни 60 кг ва курсанти курси 1-ум, милитсияи қаторӣ Ҳусейнов Азизмуҳаммад дар вазни +90 кг ҷойи 1-умро ишғол намуда, соҳиби медали тилло гардиданд.
Курсантон Абдуллоев Абдулло ва Давлатзода Абурайҳон дар ин намуди варзиш сазовори ҷойи 2-юм ва соҳиби медали нуқра гардиданд.

08

Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба шоҳмот 4 нафар курсантони факултети №4 иштирок намуда, 2 нафари онҳо, милитсияи қаторӣ Валиев Фаррух ва милитсияи қаторӣ Зоиров Амонулло соҳиби ҷойи 3-юм ва медали биринҷӣ гардиданд. 

Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба гӯштини тарзи озод 4 нафар курсантони факултет ғолиб омаданд. Курсантон Бадавлатзода Шамсулло, Рустамов Абдусалмон, Иноятов Ҳаким, Мансуров Умед ва Одинаев Фаррух ҷойи 3-юмро ишғол намуда, соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.
Ҳамин тариқ, факултети №4 аз рӯйи ҷойҳои ишғолгардида, яъне соҳиб гардидан ба 8-адад медали тилло, дар байни дигар Донишгоҳҳои олии вилояти Суғд, сазовори ҷойи 3-юм гардид.
Санаи 29-уми апрели соли 2019 дар майдончаи сафороии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи сардори факултети мазкур, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А. ба иштирокчиёни Спартакиадаи байнидонишгоҳӣ миннатдорӣ баён карда шуда, дар фазои тантанавӣ ба ғолибон ва ҷоизадорон медал ва дипломҳо супорида шуданд.
Муҳаммадиев Н.Б., сардори кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети №4 Академияи ВКД ҶТ, полковники милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...