Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хатми шунавандагони курсҳои тайёрии ибтидоӣ

310

Бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани дастуру супоришоти Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. доир ба омода намудани кормандони ҷавон ба мақомоти корҳои дохилӣ аз 29 январ то 29 апрели соли ҷорӣ курси семоҳаи тайёрии ибтидоӣ дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Кормандони ҷавони нав ба сафи ҳайати қатории МКД дохилшуда, дар назди кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос аз нозукиҳои фаъолияти хизмати дидбонӣ-пайраҳадории милитсия ва хадамоти давлатии «Муҳофиза» шинос гардиданд.
Дар давоми таҳсил шунавандагони курси тайёрии ибтидоӣ бо масоили фанҳои фаъолияти маъмурӣ, оинномаҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳдиду хатарҳои муосир, коргузорӣ, этика ва психологияи кормандони МКД, криминалистика, топографияи ҳарбӣ ба тариқи назариявӣ шинос шуда бошанд, пас дар машғулиятҳои таълимии информатика, тайёрии сафӣ, тайёрии ҷисмонӣ, тайёрии оташфишонӣ бештар ба тариқи амалӣ амал намуда, донишҳои хуби касбиро аз худ намуданд.
Инчунин дар мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд, волейбол, шоҳмот ширкат намуда, дар байни ҳайати доимӣ ва тағйирёбандаи факултет соҳиби ҷойи дуюм низ гардиданд.
Шиносоӣ бо ҷойҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Хуҷанд, осорхонаҳо ба шунавандагон имконият дод, ки савияи фарҳангпарвариву инсондӯстии хешро такмил диҳанд.
Муовини сардори факултет оид ба қисми таълимӣ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Ғафуров М.С. шунавандагони курси тайёрии ибтидоиро бо хатми курс муборакбод намуда, дар корҳои минбаъдаи амалиашон муваффақиятҳо таманно намуд.
Ҳайати кормандони факултет дар баробари таълиму тарбияи курсантон тасмим гирифтаанд, ки ба омодасозии шунавандагон - кормандони ҳайати қаторӣ низ саҳми арзанда гузоранд.
Ҳасанзода Ҷ., сардори кабинети кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, лейтенанти милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...