Боз як дастоварди навбатии варзишӣ аз ҷониби курсантони Академияи ВКД
Масъалаи беҳдошти саломатии ҷавонон ва рӯ овардани онҳо ба варзиш яке аз ҳадафҳои аслии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бисёре аз суханрониҳои хеш вобаста ба аз худ намудани илму дониш, машғул шудан ба варзиш ва пешгирии амалҳои номатлуб дар байни наврасону ҷавонон иброз медорад, ки рӯ овардан ба варзиш асоси беҳдошти солимии ҷомеа мебошад.
Дар асоси ин гуфтаҳо рӯзҳои 20-26-уми апрели соли 2019 Чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб аз намуди варзиши джиу-джитсу дар байни 120 давлат баргузор гардид, ки дар ин мусобика курсанти курси 2-юми Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти хурди милитсия Назарзода Маъруфҷон дар вохӯрии финалӣ бо паҳлавони давлати Қатар дар вазни 77 кг сазовори ҷои дуюм ва соҳиби медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон гардид.
Инчунин, рӯзҳои 24-30-юми апрели соли 2019 Чемпионати Осиё дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз намуди варзиши кикбоксинг дар байни 12 давлат дар вазни 67 кг баргузор гардида, дар ин мусобиқа курсанти курси 2-юми Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Азиз сазовори ҷои аввал ва соҳиби медалӣ тилло гардид.
Рӯзҳои 23-25-уми апрели соли 2019 мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди «Гӯштини юнону румӣ» байни варзишгарони навраси Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии ҷамъиятҳои «Динамо» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар ин мусобиқа курсанти курси якуми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслонов Хуршед дар вазни 110 кг иштирок варзида, сазовори ҷои аввал гардид.
Бояд қайд намуд, ки бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва сардори Академияи ВКД курсантони мазкур бо як шукӯҳу шаҳомати хос ва гулу гулдастаҳо пешвоз гирифта шуданд.
Шавкат Убайдуллоев, Саида Сафарова.