Дарси озмоишӣ дар Академияи ВКД
Рӯзи 25-уми апрели соли 2019 аз ҷониби муаллими кафедраи бехатарӣ аз сӯхтори факултети №5-и Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, лейтенанти милитсия Ҷамолиддинзода М. дар Академияи мазкур дарси озмоишӣ дар мавзӯи “Ташкили дастаҳои ихтиёрии оташнишонӣ” гузаронида шуд.
Нахуст лейтенанти милитсия Ҷамолиддинзода М. дар бораи суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба омӯзиши фанҳои дақиқ, математикаю физика ва ҷорӣ намудани дарси шоҳмот, ки дар вохӯрӣ бо меҳмонон ва ҳайати профессорону омӯзгорон ва курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ифтитоҳи бинои нави Академияи ВКД баргузор гардида буд, хотиррасон гашт.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаю ташкилот ва муассисаҳо новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ бо мақсади таъмини бехатарӣ аз сӯхтор ва хомӯш намудани сӯхтор дар маҳаллаҳои аҳолинишин ва иншооти хоҷагии халқ ӯҳдадоранд дастаи ихтиёрии идоравии оташнишонӣ ё бо мувофиқаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои ҳарбикунонидашудаи оташнишонӣ таъсис диҳанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушд ва мустаҳкам кардани ҷамъияти ихтиёрии оташнишонӣ барои хизматҳои коргарон қарор намудааст, дар он дастаҳои ихтиёрии оташнишонӣ бо иштироки фаъолона барои пешгирӣ ва мубориза бо сӯхторро назорат намуда воситаҳои оташнишониро дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ дошта ғайритаъинот истифода шудани онҳоро роҳ надиҳанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки омӯзгори фаннӣ Ҷамолиддинзода М. дар муҳтавои саволҳои лексия ба шогирдон оид ба ӯҳдадориҳои аъзоёни дастаи ихтиёрии идорави оташнишонӣ маълумотҳо пешкаш намуд, ки аъзоёни дастаи ихтиёрии идорави оташнишонӣ дар сех ва ҷои кор риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро худ донад, риоя намояд ва аз дигарон онро талаб намояд; ӯҳдадории худро мувофиқи табели ҳисоби муҳорибавӣ донад ва дар ҳолати сар задани сӯхтор дар хомӯш намудани он фаъолона иштирок намояд; ҳолати омодабошии воситаҳои оташнишони дар сех бударо назорат намуда, оиди ҳамаи камбудиҳои ошкоршуда ба сардори шӯъбачаи дастаи ихтиёрии идорави оташнишонӣ арз кунад ва дар ҳолати имконият доштан ин камбудиҳоро худ бартараф намояд; ба зиммаи аъзоёни даста вогузошташуда ва супоришҳои сардори даста (шӯъбача)-ро иҷро намояд ва малакаи дониши техникию оташнишонии худро бо роҳи иштирок дар дарсҳо аз рӯи ҷадвали пешбинишуда баланд намояд.
Мақсад аз гузаронидани чунин дарсҳои озмоишӣ аз тарафи омӯзгорони ҷавон тақвият додан ба фаъолияти педагогии ҷавонон ва баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбии онҳо мебошанд.
Барои назорати раванди таълим аз тарафи роҳбарияти Академияи ВКД ҳамарӯза санҷишҳо гузаронида мешаванд. Дар дарси озмоишӣ роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД иштирок намуданд.
Дар ҷамъбасти дарси озмоишӣ аз тарафи роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони Академия ВКД барои боз ҳам сайқал додани маҳорату малакаи педагогии омӯзгорони ҷавон фикру андешаҳо нисбат ба пурзӯр ва мустаҳкам намудани раванди таълим баён карда шуданд.
Саидов Ф.М., Саида Сафарова.