Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташрифи расмии намояндагони Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе ба Академияи ВКД

302

Рӯзи 24-уми апрели соли ҷорӣ дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрӣ бо намояндагони Барномаи САҲА дар Душанбе баргузор гардид.
Мақсади вохӯрӣ - ҳамкории манбаъдаи Барномаи САҲА дар Душанбе бо Академияи ВКД, инчунин, масъалаи баргузор намудани тренингҳои омӯзишӣ барои сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ бар зидди шиканҷа буд.
Дар вохӯрӣ аз тарафи роҳбарияти Академияи ВКД муовини сардори Академияи мазкур оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, полковники милитсия Саидзода З.А., муовини сардори Академияи ВКД оид ба ҳайати шахсӣ, полковники милитсия Собирзода А.Ҷ., мувоини сардори Академияи ВКД оид ба низом, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Ализода А.Ш. ва аз тарафи Барномаи САҲА дар Душанбе роҳбари Департаменти ченаки инсони Барномаи САҲА дар Душанбе, ҷаноби Роберт Хойер, сарассистенти роҳбари Департаменти ченаки инсони Барномаи САҲА дар Душанбе оид ба масъалаҳои волоияти қонун Мамадвафоев М. иштирок намуданд.
Ҷаноби Роберт Хойер қайд намуд, ки мувофиқи Нақшаи кории якҷояи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари барномавии САҲА дар ш.Душанбе барои соли 2019, ки аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. санаи 14 марти соли ҷорӣ тасдиқ гардид, барои боз ҳам мукамал гардонидани пайвандии дониши назариявию амалии кормандони самтҳои оперативӣ ва тафтишоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокурорҳо, судяҳо, инчунин, профессорону омӯзгорони Академияи ВКД тренингҳои омӯзишӣ дар мавзӯи «Омӯзиш ва шарҳи Протоколи Стамбул бар зидди шиканҷа» дар ш.Душанбе ва ш.Бохтар баргузор мегарданд.

303304

Дар рафти вохӯрӣ муҳокимаи самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, аз ҷумла, бо кӯмаки Дафтари барномавии САҲА дар ш.Душанбе дар Академияи ВКД гузаронидани «Дарҳои кушод», нашр намудани китобҳои дарсӣ ва илмие, ки аз тарафи профессорону омӯзгорони Академияи ВКД омода мешаванд, масъалаҳои фаъолияти илмӣ ва раванди таълим дар Академияи ВКД, иштироки муштараки мутахассисони Академияи ВКД дар конференсияҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ-таълимии байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ шуда буданд.
Дар охир муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм, полковники милитсия З.А. Саидзода иброз намуд, ки мустаҳкам намудани алоқаҳои ба миён омада, пайдо намудани шаклҳои ғайрианъанавии ҳамкорӣ, васеъ намудани доираи ҳамкориҳо ҳаёти имрӯзаи байналмилалии Академияро муайян менамояд. Барои ҳамин Академияи ВКД Тоҷикистон дар оянда низ инкишоф ва мутсаҳкам гардонидани ин соҳаи фаъолиятро ба нақша мегирад.
Каримова Л.М., подполковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...