Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Такмили ихтисос дар мавзӯи “Идоракунӣ дар ҳолатҳои фавқулода”

301

Коршиносону мутахассисон, махсусан ҷомеашиносон борҳо таъкид кардаанд, ки барои гирифтани сари роҳи норомиҳо ва ба вуҷуд омадани бенизомиҳо маърифатнокии ҷомеаро баланд бардошта, кадрҳои болаёқату ватандӯстро омода кардан лозим аст. Дар ин росто Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ соли 2014 қайд намуд: “Ҳукумати мамлакат, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифадоранд, ки масъалаҳои фароҳам овардани базаи моддиву техникии мусоидро барои тарбияи кадрҳои низомӣ, тайёр кардани кадрҳои ба давлат ва халқу Ватан содиқ, ба талаботи рӯз ҷавобгӯй ва соҳибмаърифату дорои ҷаҳонбинии муосир таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд”. Дар баробари ин Ҷаноби Олӣ дар Паёми соли 2015 таъкид карда буд, ки “Тарбияи кадрҳои худшиносу ватандӯст, дорои масъулият ва малакаи баланди касбӣ, соҳиби донишу таҷриба ва ҷаҳонбинии муосир, фидокор ва содиқ ба Ватану миллат, ҳушёру зирак, муборизи роҳи ҳақиқату адолат вазифаи муҳимтарини Ҳукумат ва роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомии кишвар ва умуман Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад”.
Академияи Вазорати корҳои дохилӣ низ таъкидҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакатро сармашқи кори худ карор дода, вобаста ба талаботи имрӯзаи бозори меҳнат мутахасис омода намуда, маҳорату малакаи кадрҳои илмию педагогии худро мунтазам такмил медиҳад.
Чунин як курси кӯтоҳмудати такмили ихтисос, ки бо ташаббуси Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафоратхонаи Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар толори ҷаласавии меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе аз рӯи барномаи “Идоракунӣ дар ҳолатҳои фавқулода”роҳандозӣ гардид, бо дастгирии роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ду корманди Академия: сардори кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулода, капитани милитсия Нуруллозода Меҳрулло ва нозири мудофиаи гражданӣ ва корҳои сафарбаркунӣ, лейтенанти калони милитсия Нуроншои Сафархон сафарбар шуданд.
Курси мазкур аз санаи 8-ум то 19-уми апрели соли 2019 идома ёфта, дар он намояндагон аз тамоми сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Дар марҳилаи хотимавии курс ба ҳар як иштирокчӣ сертификати гузариш аз курси такмили ихтисос тибқи барномаи “Идоракунӣ дар ҳолатҳои фавқулода” тақдим карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки иштирок дар чунин курсҳо, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва андӯхтани таҷрибаи давлатҳои пешрафта барои баланд бардоштани малакаи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мусоидат менамояд.
Нуруллозода М., сардори кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодаи Академияи ВКД, капитани милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...