Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Андешидани чораҳои профилактикӣ-зиддисӯхторӣ дар иншооти хоҷагии халқ

299

Рӯзи 24-уми апрели соли 2019 бо ташаббуси кафедраи беха-тарӣ аз сӯхтори факултети №5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон конфренсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Гузаронидани чорабиниҳои профилактикии зиддисӯхторӣ дар иншоотҳои хоҷагии халқ, таҳлил ва таҳқиқи сӯхторҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ, дотсент, полковники милитсия Саидзода З.А., баргузор гардид.
Дар кори конфренсия мутахассисони ботаҷрибаи СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Сардори факултети №5, н.и.пед., полковники милитсия Ҳайдарзода Ш.Ҳ. баромад карда қайд намуд, ки андешидани чораҳои профилактикӣ-зиддисӯхторӣ оид ба пешгирӣ намудани сӯхторҳо дар иншоотҳои хоҷагии халқ, яке аз масъалаҳои асосии фаъолияти давлатӣ оид ба муҳофизати ҳаёт ва саломатӣ, муҳити атроф ва молу мулк ба ҳисоб меравад.
Дар чорабинии мазкур Ғаюров Саидмурод Шарипович - муаллими калони кафедраи бехатарӣ аз сӯхтори факултети №5, полковники мустаъфӣ дар мавзӯи «Чорабиниҳои ташкилии гузаронидани корҳои профилактикӣ дар биноҳо ва иншоотҳо», Исмоилзода Хусрав - муҳандиси калони шӯъбаи меъёрӣ-талаботҳои бехатарӣ аз сӯхтори СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники хизмати дохилӣ дар мавзӯи «Гузаронидани санҷишҳои профилактикӣ дар соҳаҳои хоҷагии халқ», Садриддинзода Шараф - сармутахассиси шӯъбаи илмӣ-тадқиқотии СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники хизмати дохилӣ дар мавзӯи «Таҳлил ва таҳқиқи сӯхторҳо дар ХДО Ҷумҳурии Тоҷикистон», Аназода Нуралӣ - сардори шуъбаи илмӣ-тадқиқотии СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники хизмати дохилӣ дар мавзӯи «Таҳқиқ ва экспертизаи сӯхторҳо баҳри такмил ва амалӣ намудани иловаҳо дар меъёрҳои амалкунандаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон», баромад намуданд.
Дар баромади иштирокчиёни чорабинӣ, якчанд масъалаҳо оид ба чорабиниҳои профилактикӣ-зиддисӯхторӣ дар биноҳо ва иншоотҳо, гузаронидани санҷишҳои профилактикӣ дар обектҳои хоҷагии халқ, таҳқиқ ва экспертизаи сӯхторҳо баҳри такмил ва амалӣ намудани иловаҳо дар меъёрҳои амалкунандаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд.

300

Қайд кардан ба маврид аст, ки аз тарафи омӯзгорон ва курсантон доир ба он камбудиҳо ва нуқсонҳое, ки дар рафти гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ ҳангоми бурдани назорат дар иншоотҳои хоҷагии халқ, ташкилотҳо, муассисаҳо ва ҳамаи он субъектҳое, ки барои таъмини бехатарӣ аз сӯхтор масъул мебошанд, фикру андешаҳо пешниҳод гардиданд, ки ин андешаҳо кормандони амалии ХДО ВКД ва ҷузъу томҳои онро водор менамояд, ки баҳри бартараф намудани камбудиҳо чораандешӣ намоянд. Ва аз тарафи ҳозирин вобаста ба фаъолияти кормандони ХДО дар самти чорабиниҳои профилактикӣ баҳсу мулоҳизаҳо доир гардида, ба саволҳо аз тарафи баромадкунандагон ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.
Қисмати амалии он дар саҳни ҳавлии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки курсантону шунавандагон ва омӯзгорону кормандони амалии СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар рафти гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ-зиддисӯхторӣ дар бинои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон курсантони ихтисоси бехатарӣ аз сӯхтори факултети №5 баҳри такмил додани малака ва маҳорати касбӣ дар самти оташхомӯшкунӣ, истифода аз техника ва таҷҳизотҳои аввалиндараҷаи оташхомӯшкунӣ фаъолона ширкат варзиданд.
Сатторзода А.С., сардори кафедраи бехатарӣ аз сӯхтори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...