Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар Академияи ВКД

295

Забон воситаи муомилот ва муоширати одамон буда, донистани ин ё он забон ба кас имконият медиҳад, ки аз бурду бохт, имконияту вазъият ва камбудию талаботҳои рӯзмарраи ҳаёт огаҳ гардад. Донистани забонҳои дигар ин донистани таърихи халқияту миллатҳои дигар ва кулли дигаргуниҳои олам аст. Аммо пеш аз омӯхтану аз худ кардани забони ғайр забони модарии хешро бо ҳамаи меъёру нозукиҳояш бояд донист. Зеро забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва қисмати забонҳои зиёди дунё ба як хонавода тааллуқ дошта, қоидаҳои навишти монанд доранд. Аз ин рӯ ҷаҳд бояд кард, то аввал забони миллати худро ба пуррагӣ аз худ кард. Дар ин бобат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Миллате, ки арзишҳои миллии хешро қадр карда наметавонад, қиммату манзалати забони миллати ғайрро низ эътироф наметавонад кард».

296297298

Дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.
Дар таърихи 23-юми апрели соли 2019 дар толори фарҳангии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон курсантони курси якуми Академияи ВКД бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва 141-солагии зодрӯзи сардафтари адабиёти тоҷик, устод Садриддин Айнӣ маҳфили бошукӯҳ, иборат аз ду қисм, баргузор намуданд.
Курсантон дар шаш гурӯҳ таҳти унвонҳои: «Пайравони Пешвои миллат», «Сайёҳ», «Ҳафт ситора», «Сулҳ», «Политсия», «Сипар» бо забони англисӣ аз ҳаёт ва фаъолияти устод Садриддин Айнӣ, ҳунарҳои мардумӣ бо завқи баланд ва маҳорати баланди суханварӣ, забондонӣ истеъдоди хешро нишон дода, аз ҷониби ҳакамон маҳорати ҳар як гурӯҳ баҳогузорӣ гардид.
Ғолибони маҳфил аз ҷониби роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо «Ифтихорнома»-ҳо сарфароз гардиданд.
Азизаи Давлатшоҳ
полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...